ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2023. Ҳайати дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон оид ба футзал барои ширкат дар мусобиқа муайян гардид

Январь 19, 2023 10:03

ДУШАНБЕ, 19.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сармураббии дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон оид ба футзал Мустафо Афшорӣ ҳайати ниҳоии дастаро ҷиҳати ширкат дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) эълон кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд. 

Ба ҳайати дастаи занонаи Тоҷикистон 14 нафар – 3 дарвозабон ва 11 бозигар шомил гардиданд.

Дар Чемпионати CAFA-2023 оид ба футзал, ки аз 25 то 31 январ дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, дастаи занонаи Тоҷикистон бо дастаҳои мунтахаби Узбекистон (27 январ), Эрон (28 январ) ва Қирғизистон (30 январ) бозӣ мекунад.

Мусобиқа аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Дастаи ғолиб тибқи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.

Ҳайати дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон оид ба футзал барои ширкат дар чемпионати CAFA-2023:

 Дарвозабонҳо: Сайёра Саидова, Рӯзигули Ҳасан, Муниса Гулова (ҳама аз «Зебонисо»);

Бозигарон: Некубахт Худододова, Карина Мирзоева, Нисо Абдуллоева, Ҷонона Қурбонова, Шамсия Ҳусейнова, Малика Қаюмова (ҳама аз «Зебонисо»), Мадина Фозилова (бе бошгоҳ), Лайло Ҳалимова, Беназир Ҷумъахонзода («Хатлон»), Комила Расулова (МВЗО №27 «Сокол», Москва), Марҷона Файзуллоева («Зебо», Дӯстӣ).

Сармураббӣ – Мустафо Афшорӣ (Эрон).

Акс: ФФТ

Январь 19, 2023 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд