Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ғолибони озмунҳо мукофотонида шуданд
ДУШАНБЕ, 05.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва устодони онҳо, инчунин ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ аз 1000 то 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти донишгоҳ Ҳабибулло Сатторӣ хабар дод.
Ректори Донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода ба 13 нафар омӯзгороне, ки дар муҳлати муайяншуда рисолаи докториву номзадии хешро дифоъ намуда, аз ҷониби Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд, барои рисолаи докторӣ 3 ҳазор сомонӣ ва барои рисолаи номзадӣ 1500 сомонӣ тақдим намуд.
Инчунин ба 6 нафар омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд, 5 ҳазор сомонӣ, ба 10 нафар донишҷӯёне, ки дар озмунҳои иштирок намуданду ноком шуданд, 1000 сомонӣ, ба 7 нафар донишҷӯёне, ки дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори ҷойҳои якум гардиданд, 2 ҳазор сомонӣ ва ба 5 нафар роҳбар барои ҷойҳои дуюм 1000 сомонӣ супорида шуд.
Роҳбарияти донишгоҳ ба иштирокчии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» 1000 сомонӣ ва ба иштирокдорони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба 3 нафари ҷойи аввал 10 ҳазор сомонӣ, 2 нафари ҷойи дуюм 7 ҳазор сомонӣ ва ба 2 нафари ҷойи сеюм 4 ҳазор сомонӣ тақдим намуд.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ








Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






