ФУТЗАЛ. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар чемпионати CAFA-2023 иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 07.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси эронӣ Мустафо Афшорӣ дар мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ширкат мекунад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон чемпионати дуюми CAFA миёни дастаҳои мунтахаби футзали занонаро мизбонӣ мекунад. Бозиҳо аз 25 то 31 январ доир мешаванд. Дар он дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон барои медалҳо миёни ҳам мубориза мебаранд.
Тибқи низомнома, чемпионати CAFA-2023 оид ба футзал миёни бонувон аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад ва дар он ҳар даста бо ҳамдигар як бозӣ анҷом медиҳад. Дастаи ғолиб аз рӯйи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад.
Қобили зикр аст, ки ғолиби якуми мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои мунтахаби футзали занона дастаи мунтахаби Эрон аст, ки соли гузашта дар шаҳри Душанбе медалҳои тилло ба даст оварда буд.
Чемпионати CAFA-2023 оид ба футзал миёни бонувон
Иштирокчиён: Узбекистон, Эрон, ТОҶИКИСТОН, Қирғизистон.
Замон – 25-31 январ.
Макон – Тошканд, Узбекистон.
Акс: ФФТ
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






