«ХАТИ ҲАЁТ». Таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиш ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 05.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 4 январ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 90-солагии Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон, Рассоми халқии Тоҷикистон, лоиҳакаши аввалин парчами давлатӣ Зуҳур Ҳабибуллоев таҳти унвони «Хати ҳаёт» намоиш ифтитоҳ гардид, ки то 1 феврал идома меёбад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷазода иттилоъ дод.
Дар намоиш 25 адад мусаввараҳои рассом аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон, аз қабили «Модар», «Ба чарогоҳи баҳорӣ», «Нидои табиат», «Ҷамъоварии пахта», «Дар заводи арзиз», «Натурморт», «Дӯстони ман аз Қабодиён» ва инчунин офаридаҳои шогирдони рассом Баҳром Исматов «Оҳанги шарқ», «Нони гарми танӯрӣ», Эраҷ Олимов «Хоҳарон», «Нурҳои тиллоӣ», Беҳрӯз Забиров «Тобистон», «Бозори кӯҳна», Рӯзибоев Р. «Бузкашӣ», «Фаровонӣ» ва дигар мусаввараҳо, ки фарогири мавзуъҳои гуногун мебошанд, пешниҳоди тамошобинон гардонида шудаанд.
Зимни ифтитоҳи намоиш Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода, Директори Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов Сироҷиддин Ҷурахонзода, Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова ва ҳаводорони ҳунари рассомӣ сухан гуфтанд.


Рассом Зуҳур Ҳабибуллоев соли 1932 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, хатмкардаи Омӯзишгоҳи italy-med.com Душанбе ва Омӯзишгоҳи рассомии ба номи В. И. Мухини шаҳри Ленинград мебошад. Ӯ бо офариниши асарҳои пурмазмуни худ, ки фарогири зебоӣ, шукӯҳу шаҳомат ва аслияти таърихӣ мебошанд, ба наслҳои оянда мероси пурарзиши санъати тасвирии тоҷикро боқӣ гузоштааст.
Мавриди зикр аст, ки муҳаққиқони соҳа Зуҳур Ҳабибуллоевро яке аз аввалинҳое медонанд, ки аз чорчӯбаи муқаррарнамудаи санъати шӯравӣ берун рафта, санъати тасвирии тоҷикро бо забони дигар, ранги нав ва ҷилои тоза ба тамошобинон пешкаш намудааст. Ба қавли онҳо, бори аввал маҳз бо қалами Зуҳур Ҳабибуллоев санъати тасвирии тоҷик «ба сухан» даромад.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд






