Коронавирус: беморхонаҳои Шанхай пур шудаанд
ДУШАНБЕ, 04.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳазорон нафар беморон бо аломатҳои COVID-19 ҳамарӯза дар муассисаҳои тиббии Шанхай ба таври таъҷилӣ бистарӣ мешаванд, ки аксари онҳо шахсони аз 65-сола боло мебошанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Euronews.
Расонаҳои давлатии Чин иттилоъ додаанд, ки 70 дарсади аҳолии 25-миллионнафарии бузургшаҳр, шояд ба ин вирус мубтало шудаанд.
Чин баъд аз як моҳи лағви маҳдудияти шадиди санитарӣ бо мавҷи бесобиқаи сироятҳо рӯбарӯ шуд.
Рӯзҳои охир даҳҳо кишвар барои мусофироне, ки аз Чин меоянд, санҷиши COVID-19 ҷорӣ кардаанд, вале Пекин ин чораҳоро маҳкум намуд.
Қаблан Чин изҳор карда буд, ки 8 январ сарҳадҳояшро боз мекунад ва чораҳои карантиниро, ки барои пешгирии паҳншавии сироятҳои вирусӣ ҷорӣ шуда буданд, лағв менамояд. Дар Чин қаблан аз нашри маълумоти ҳаррӯза дар бораи ковид даст кашида буданд. Хабар расида буд, ки Чин интиқоли мусофиронро тавассути гузаргоҳҳои заминӣ аз нав барқарор намуда, ба додани шиноснома ба шаҳрвандони худ барои сафарҳои хориҷии сайёҳӣ дубора оғоз кардааст.
Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»
АКС: euronews.com








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






