Коршиносони ИДМ масоили ҳамкориро дар соҳаи тандурустии аҳолӣ ва иттилоотонӣ оид ба ҳифзи саломатӣ баррасӣ карданд

Январь 25, 2023 11:47

ДУШАНБЕ, 25.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Москва ҷаласаи Шабакаи байнидавлатии институтҳои тандурустии ҷамъиятӣ ва иттилооти тандурустии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор карда шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи ИДМ иттилоъ медиҳад, дар он намояндагони Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Узбекистон ва Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок доштанд.

Тибқи иттилои манбаъ, иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои ташкилӣ ва кадриро баррасӣ намуда, Шӯрои роҳбарикунанда таъсис доданд ва  раиси Шабакаи институтҳоро интихоб намуданд. Ба масоили татбиқи Стратегияи «Саломатии аҳолии кишварҳои узви Иттиҳодди Давлатҳои Мустақил» таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда  шуд.

Мутаассифона, дар саросари ҷаҳон бемориҳои ғайрисироятӣ рӯ ба афзоиш доранд, ки тақрибан 70 фоизи ҳамаи ҳодисаҳои фавтро ташкил медиҳанд. Дар робита ба ин мониторинг ва таҳлили ноил шудан ба нишондиҳандаҳои миллии мақсаднок ҷиҳати татбиқи санади мазкур дар вазоратҳои тандурустии кишварҳои узви Иттиҳод таҳти назорати махсус қарор дорад. Мавзӯи мазкур ба нақшаи корӣ дохил карда шудааст, ки аз рӯи натиҷаҳои он ба аъзои Шӯрои ҳамкорӣ оид ба тандурустии ИДМ гузориш пешниҳод карда мешавад.

Аъзои Шӯрои идоракунӣ Нақшаи кориро барои соли равон қабул карданд, дар зимн ба масъалаҳои таъмини кадрӣ оид ба дастгирии низоми тандурустӣ ва таҳсили муттасили тиббӣ, баланд бардоштани самаранокии ёрии аввалини тиббии санитарӣ ва якчанд самтҳои дигар таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Ҷаласаи навбатии коршиносон, ки дар он қаноатмандии шаҳрвандон аз кумаки тиббии дар кишварҳои узви ИДМ расонидашаванда  баррасӣ мегардад, моҳи феврал ба нақша гирифта шудааст.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи иҷроияи ИДМ

Январь 25, 2023 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд