Мутахассисони Корея барои баррасии маблағгузории лоиҳаи роҳи оҳани Ҷ. Балхӣ-Ҷайҳун-Панҷи Поён дар Тоҷикистон қарор доранд

Январь 12, 2023 10:30

ДУШАНБЕ, 12.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷараёни татбиқи лоиҳаи Ҷалолиддини Балхӣ-Ҷайҳун-Панҷи Поён шохаи ҷанубии роҳи оҳани Тоҷикистон ба роҳи оҳани Афғонистон пайваст гардида, имкони васли роҳи оҳани Осиёи Миёна ба кишварҳои Шарқро фароҳам меорад. Дар ин робита гурӯҳи махсуси омӯзишии Институти молиявии Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (КОЙКА- KOICA) барои баррасии маблағгузории татбиқи лоиҳаи мазкур ба Тоҷикистон омада, то 13 январ дар кишвар мемонанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷуҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гурӯҳи мазкур барои баррасии маблағгузории татбиқи ин лоиҳа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, сафари онҳо то 13 январ идома ёфта, дар натиҷа ҳисоби дахлдор ба дафтари марказии институти молиявии КОЙКА пешниҳод мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дархости молиявӣ барои ҷалби сармояи Ҷумҳурии Корея дар татбиқи асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи мазкур ҳанӯз моҳи сентябри солии 2022 ба Институти молиявии КОЙКА сурат гирифта буд.

София ШОИК,
АМИТ«Ховар»

АКС: Вазорати нақлиёт

Январь 12, 2023 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд