Паёми Пешвои миллат ҳуҷҷати таърихӣ ва дастурамали фаросоҳавист

Январь 17, 2023 16:10

ДУШАНБЕ, 17.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҷлиси Олӣ аз 23 декабри соли 2022 ҳамоиш доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти мазкур хабар доданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед  Бобозода иброз дошт, ки дар таърихи муосири давлатдории миллати тоҷик Паёми Сарвари давлат ба сифати падидаи муҳими сиёсӣ ва ҳуқуқӣ зуҳур ёфта, дар раванди инкишоф ва ояндасозии ҷомеа ва давлат нақши ба худ хос касб намудааст. «Паём ҳамчун муроҷиатномаи расмии Сарвари давлат ба мардуми кишвар ва ҳуҷҷати таърихию дастурамали фаросоҳавӣ, таҳлилию таҳқиқотӣ хусусияти ҳидояткунандагию уҳдадорсозандагӣ ва ҳатмӣ- иҷрошавандагӣ дорад»,-изҳор дошт Ваколатдор.

Директори Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии назди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон Ислом Фасеҳзода оид ба ҷанбаҳои иқтисодии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҷлиси Олӣ дар назди иштироккунандагон маърӯза намуда, ҳамзамон самтҳои гуногуни онро ба ҳозирин шарҳ дод.

Зикр шуд, ки Паёми Пешвои миллат моро барои устувору пойбарҷо мондан дар муқобили ҳама гуна таҳдиду хатарҳои рӯзафзун ва камари ҳиммат бастан ҷиҳати рушду нумуи Тоҷикистон бештар масъулиятшинос мегардонад.

АКС: Хадамоти матбуоти ВҲИ ҶТ

Январь 17, 2023 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад