Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Январь 27, 2023 10:35

ДУШАНБЕ, 27.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов баргузор гардид.

Нахуст сарони ду давлат ҳамдигарро ба муносибати 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон табрик гуфтанд.

Президентҳо бо қаноатмандӣ тамоюли рушду таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории ду кишварро мавриди таъкид қарор доданд. Дар ин зимн ҷонибҳо раванди тавсеаи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва байнипарлумонӣ, ҳамчунин дигар ҷанбаҳои муносибатҳои байниҳамдигариро дар қолаби шарикии стратегӣ мусбат арзёбӣ намуданд. Омодагии ҷонибҳоро барои идомаи ҳамкории фаъол дар ростои масоили мубрами глобалӣ ва минтақавӣ таъйид намуданд.

Сарвари давлати мо аз таваҷҷуҳи пайвастаи ҷониби Тоҷикистон ба пешбурди пайгиронаи тамоми маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон ёдовар шуданд. Вобаста ба ин аҳамияти идомаи муколамаи байнидавлатӣ ва равобити эътимодбахш дар сатҳҳои олӣ ва баланд мавриди таъкид қарор гирифт.

Дар ин зимн Сарвари давлати мо аз Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов ҷиҳати анҷом додани боздид аз Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 27, 2023 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як гурӯҳ сафирони навтаъйини давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд