Тарғиби ҳамаҷонибаи нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат дар идораву муассисаҳои Бадахшон ба роҳ монда шуд
ДУШАНБЕ, 20.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамоише дар заминаи шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчунин фаъолияти соҳаи иҷтимоии вилоят, тарғиби ҳамаҷонибаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи риояи забони давлатӣ» дар идораву муассисаҳо, ба шуғл фаро гирифтани занону бонувон, ҷалби ҷавонони вилоят ба тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва беҳбуд бахшидан ба таълиму тарбия мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар медиҳад.
Раиси вилоят Алишер Мирзонабот нахуст аз нуктаҳои муҳими Паёми навбатӣ дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ёдовар шуда, таъкид кард, ки дар баробари дигар самтҳои хоҷагии халқ дар Паём таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат ба рушди иҷтимоӣ, хусусан бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва муҷаҳҳаз бо шароити ҳозиразамон ҷалб равона гардидааст. Дар Паём диққати асосӣ ба баланд бардоштани мақому манзалати занону ҷавондухтарон ба вазифаҳои роҳбарикунанда равона гардида, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «ман ба неруи созандаи ҷавонону бонувони мамлакат боварӣ ва эътимоди калон дорам».
Ҳамчунин Раиси вилоят ба муовинони идеологии шаҳру навоҳии вилоят, шуъба ва бахшҳои соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла занону ҷавонон, маорифу Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти корӣ, риояи интизоми меҳнат ва дар сатҳи баланд донистани забони давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дастур дода шуд, ки сохторҳои марбута бояд вобаста ба фаҳмонидани ҳар банди Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраку деҳот кор бурда, сокинонро аз рушду пешрафти шаҳру навоҳии вилоят воқиф гардонанд.
Акс: МИҲД ВМКБ








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар Душанбе оид ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вохӯрӣ доир шуд
«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад
Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Касбомӯзӣ метавонад яке аз роҳҳои муассири пешгирии гаравиши наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бошад
Табибони тоҷик боз як усули нави ҷарроҳиро амалӣ намуданд






