Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои дахлдорро барои ба номинаи объектҳои мадании ЮНЕСКО ворид шудани Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» пешниҳод намуд
ДУШАНБЕ, 31.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид намудани Мамнуъгоҳи давлатии «Бешаи палангон», воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон ба номинаи объектҳои мадании ЮНЕСКО тибқи тартиби муқарраршуда ба Маркази мероси ҷаҳонии ин созмон санадҳои заруриро ба ЮНЕСКО пешниҳод намудааст. Дар ин хусус Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода имрӯз дар Душанбе дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Тавре таъкид гардид тибқи хулосаи ин созмон, номинаи мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» аз ҷиҳати техникӣ ба талаботи ЮНЕСКО пурра ҷавобгӯ мебошад. Тадбирҳои мазкур бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 2022 «Дар бораи баланд бардоштани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалӣ» андешида шудаанд.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ва дигар шарикони рушд омода намудани номинаи Резервати биосферии «Ромит» барои ворид намудан ба рӯйхати ҷаҳонии резерватҳои биосферӣ идома дорад.
Резервати биосферии «Ромит» соли 1959 дар болооби дарёи Кофарниҳон ҳамчун мамнуъгоҳ дар масоҳати беш аз 16,2 гектар ташкил гардида, соли 2014 бо мақсади истифодаи самараноки захираҳои бои табиат ба резервати биосфеорӣ табдил дода шуд.
Табиати резерват аз мавзеъҳои зебои сабзпӯш иборат буда, дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, байни ду шохоби пуртуғёни дарёи Кофарниҳон – Сорво ва Сардаи Миёна ва пасту баландиҳо ҷойгир аст. Олами гуногуни набототу ҳайвонот, ҷамоаҳо, популятсияҳо ва намудҳои нодиру камёфт, инчунин дар ҳолати муътадил қарор доштани мавзеъҳои ҷангалзор, чаманзори зебо ва намудҳои нодири растанӣ ва ҳайвонҳо хеле диққатҷалбкунанда аст. Соли 2016 бо мақсади афзоиши саршумори оҳуи бухороӣ дар Резервати биосферии Ромит дар масоҳати 10 гектар парваришгоҳ бунёд шуда, ба он 5 сар оҳуи бухороӣ сар дода шуд. Дар ин муддат саршумори ин ҷонвар 33 адад зиёд гардид.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ИМРӮЗ — РӮЗИ РӮДАКӢ. Ба ин муносибат конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир мешавад
Моҳи октябр Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
21 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Бо ташаббуси Тоҷикистон «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул гардид
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
Китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» идома дорад
Китоби «Мероси таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе» аз чоп баромад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд






