Вазорати корҳои дохилии Россия қонуне таҳия намуд, ки издивоҷҳои қалбакии муҳоҷиронро истисно мекунад
ДУШАНБЕ, 05.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Россия лоиҳаи қонуне омода кардааст, ки ба истиснои имконият барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки бо роҳи издивоҷи қалбакӣ ва ба таври қалбакӣ барқарор кардани падарӣ мехоҳанд мавқеи худро дар ин кишвар қонунӣ намоянд, равона шудааст. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи чоршанбе ба ТАСС намояндаи расмии ин идора Ирина Волк хабар дод.
«Дар айни ҳол Вазорати корҳои дохилии Россия лоиҳаи қонуни федералиро таҳия кардааст, ки ба такмили қонунгузории муҳоҷират дар самти истиснои истифодаи никоҳи қалбакӣ ва муқаррар кардани падарии қалбакӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ барои ғайриқонунӣ гирифтани мақоми муҳоҷират дар қаламрави Федератсияи Русия равона шудааст» -гуфт ӯ.
Волк иброз намуд, ки дар айни замон аз рӯи лоиҳаи қонун тартиби мувофиқасозии байниидоравӣ гузаронида мешавад. Давоми 11 моҳи соли гузашта «аз ҷониби мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Россия тақрибан 400 қарор дар бораи бекор кардани ҳуҷҷатҳои иҷозат барои истиқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар ФР бинобар тибқи тартиби судӣ беэътибор донистани ақди никоҳе, ки шахсони мазкур бо шаҳрвандони ФР бастаанд, қабул карда шуданд», — тазаккур дод ӯ.
Қонуни амалкунанда «Дар бораи шаҳрвандии Федератсияи Россия» пешбинӣ мекунад, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ метавонанд барои қабули шаҳрвандии Россия ба тарзи содакардашуда, агар онҳо на камтар аз се сол бо шаҳрванди Россия зиндагӣ дошта бошанд, инчунин агар дар оила фарзанди умумӣ бошанд, бидуни риояи ин муҳлат муроҷиат кунанд
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар Душанбе оид ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вохӯрӣ доир шуд
«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад
Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Касбомӯзӣ метавонад яке аз роҳҳои муассири пешгирии гаравиши наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бошад
Табибони тоҷик боз як усули нави ҷарроҳиро амалӣ намуданд






