«ЗИНДАГӢ ЗЕБОСТ, АММО ЗЕБИ ИН ДУНЁ ЗАН АСТ». Агентии Sputnik дар бораи тасмими Толибон ҷиҳати бастани кошонаҳои ҳусн суратгузориш нашр кард

Январь 13, 2023 12:53

ДУШАНБЕ, 13.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Афғонистон, ки аз ҷониби ҳаракати  «Толибон»* ташаккул ёфтааст,  талаб намуд, ки кошонаҳои ҳусн баста ва фаъолияти занон дар марказҳои савдо манъ карда шавад.

Ба бахши тиҷорати маҳаллӣ 10 рӯз муҳлат дода шуд, ки барои иҷрои ин амр тадбирҳои заруриро андешад. 

Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора шабакаи телевизионии «Ал-Арабия» бо истинод ба манобеи огоҳ аз вазъият иттилоъ додааст.

Дар бораи амри навбатии Толибон хабаргузории русии Sputnik дар сомонаи худ суратгушоришеро иборат аз 13 акс нашр кард, кибо дидани онҳо чунин мисраъҳои шоири тоҷик ба ёд меоянд:

Зиндаги зебост, аммо зеби ин дунё зан аст,
Машъали оинадору шамъи маҳфилҳо зан аст…

1/13
© AFP 2022 / Sajjad Hussain
Толибон амр доданд, ки корро дар давоми даҳ рӯз анҷом диҳанд, хабар медиҳад шабакаи телевизионии «Ал-Арабия» бо такя ба манобеъ.

2/13
© AFP 2022 / Wakil Kohsar
Аммо ҳукуматдорони Афғонистон дар ин ҷо ҳам  шитоб карданд, ки ин масъаларо ба куллӣ ҳал кунанд.

3/13
© AP / Rahmat Gul
Онҳо маълумотҳоро дар бораи нақшаи бастани кошонаҳои ҳуснро дар саросари кишвар рад карданд.

4/13
© AFP 2022 / Htnghameh Fahimi
Раҳбари дафтари сиёсии Толибон дар Давҳа Муҳаммад Суҳайл Шоҳин гуфт, ки ин дуруст нест ва кори чунин ниҳодҳо идома хоҳад ёфт.

5/13
© AFP 2022 / Adek Berry
Бо ба сари қудрат омадани Толибон, Кобул борҳо қоидаҳои нав барои ҷинси зан ҷорӣ намудааст.

6/13
© AFP 2022 / Farzana Wahidy
Моҳи декабри соли 2022 Толибон ба тамоми созмонҳои ғайриҳукуматии маҳаллӣ ва хориҷӣ иҷозаи кор ба занонро манъ карданд.

7/13
© AFP 2022 / Aref Karimi
Ин мамнӯъиятро чунин шарҳ доданд, ки иддае аз занон меъёри либоспӯшии исломиро риоя намекунанд.

8/13
© AFP 2022 / Mariam Kosha
Моҳи сентябри соли 2021 Толибон вазорати кор бо занонро барҳам доданд.

9/13
© AFP 2022 / Weda
Айни ҳол  занони афғон ҳеҷ гуна таҳсил гирифта наметавонанд.

10/13
© AP / Elizabeth Dalziel
Инчунин Толибон иҷоза намедиҳад, ки духтарон дар мактабҳои ибтидоӣ таҳсил кунанд.

11/13
© AFP 2022 / Wakil Kohsar
Духтаронро  муваззаф карданд, ки танҳо бо ниқоб ба донишгоҳҳо раванд.

12/13
© AP / Farzana Wahidy
Илова бар ин, дар муассисаҳои таълимӣ фаъолияти  занону бонувонро  иҷозат намедиҳанд.

13/13
© AFP 2022 / Adek Berry
Ахиран ба варзиш машғул  шудани занон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ низ мамнӯъ  эълон гардидааст.

___________________
*Ҳаракати «Толибон» дар Тоҷикистон ва соири кишварҳо мамнӯъ буда, барои фаъолияти террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад

Январь 13, 2023 12:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ҒИЗОИ СОЛИМ. Пӯдина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруф аст
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд