Бар асари борону барфи зиёд роҳҳои мошингарди ноҳияи Шуғнон муваққатан баста шуданд
ДУШАНБЕ, 16.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Бинобар сабаби бориши зиёди барфу борон ва фаромадани зиёда аз 50 адад тармаҳо роҳҳои мошингарди ҳудуди ноҳияи Шуғнон муваққатан баста шудаанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, 15 феврал дар мавзеъҳои Ёмҷ, Сохчарв, Зевардашти Ҷамоати деҳоти М.Ширинҷонов, Бидурд, Манем, Барсеми Ҷамоати деҳоти Сучон, деҳаҳои Гожак ва Барчадеви Ҷамоати деҳоти Ғ.Шаҳбозов, деҳаи Вабисти Ҷамоати деҳоти Навобод ва дар Ҷамоати деҳоти Ванқалъа, инчунин ағбаи Куҳтезак бинобар сабаби ба амал омадани барфу борони зиёд ва фаромадани тармаҳо роҳҳои мошингарди ҳудуди ноҳияи Шуғнон муваққатан баста шуданд.
Бояд гуфт, ки айни ҳол дар мавзеъҳои номбурда 12 техникаи муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияи Шуғнон ба тозакунии роҳҳо аз барф машғуланд. Масъулин талош доранд, ки то 17 феврал роҳҳои мошингардро аз тарма тоза карда, ҳаракати нақлиётро дар роҳҳои ҳудуди ноҳия таъмин намоянд.
Дар айни ҳол роҳҳои мошингард дар ҷамоатҳои деҳоти М.Ширинҷонов ва Поршинев аз тарма тоза карда шуда, дар ҷамоатҳои деҳоти Сучон, Ғ.Шаҳбозов, Навобод ва Ванқалъа корҳои бартарафсозии оқибати офати табиӣ идома доранд.
Аз тамоми ронандагони нақлиёти мусофирбар ва хусусӣ, инчунин сокинон хоҳиш карда мешавад, ки дар ин давра бе зарурат ба сафар набароянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон








Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






