Бонки ҷаҳонӣ омода аст, ки ҳамкориро бо «Амонатбонк» густариш диҳад

Февраль 2, 2023 14:41

ДУШАНБЕ, 02.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 1 феврал гурӯҳи кории Бонки ҷаҳонӣ бо мақсади гузаронидани арзёбии самарабахши идоракунии қарзҳои давлатӣ аз идораи марказии Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбанк» боздид намуд. Дар ин хусус маркази матбуоти бонк хабар додааст.

Роҳбарияти «Амонатбонк» дар бораи фаъолияти молии бонк дар соли 2022 маълумот пешниҳод кард. Гуфта шуд, ки новобаста аз таъсири омилҳои берунӣ вазъияти молиявии бонк дар ҳолати хуб қарор дорад.

Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ хотирнишон карданд, ки «Амонатбонк» яке аз бонкҳои асосии ташаккулёбанда буда, метавонад дар эҳёи бозори коғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас гузорад.

Бонки ҷаҳонӣ омода аст, ки ҳамкориро бо «Амонатбонк» дар ин самт густариш диҳад.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк»

Февраль 2, 2023 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми соҳибкории Тоҷикистону Туркманистон доир мешавад
Дар Форуми сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир маҳсулоти ватанӣ муаррифӣ мегардад
Дар Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор мешавад
Байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва «China Road and Bridge Corporation» ба маблағи 31,2 миллион доллар қарордод ба имзо расид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд кишти чигит оғоз гардид
Кишоварзони Тоҷикистон имсол дар 26 936 гектар зироати равғандиҳанда кишт ва парвариш менамоянд
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ САЙЁҲӢ». Дар доираи ин фестивал имконияти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон муаррифӣ карда шуд
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим дар Наврӯз аз оғози кишту кори баҳорӣ башорат медод
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ҷомеаи ҷаҳон аз Конфронси оби СММ-2023 интизориҳои зиёд дорад
Дар ноҳияи Шаҳринав намоиши техникаи кишоварзӣ гузаронида шуд
Дар хоҷагиҳои деҳқонии Конибодом кишти чигит оғоз ёфт
Дар Бонки миллии Тоҷикистон Наврӯзро чун арзиши олии башарӣ таҷлил намуданд