БОЗ ОМАДАНИ КОМЕТАИ «САБЗ» ПАС АЗ 50 ҲАЗОР СОЛ. 1 феврал ситораи думдор аз сайёраи Замин гузаштааст
ДУШАНБЕ, 02.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 1 феврали соли 2023 кометаи С/2022 Е3, ки онро кометаи «сабз» ва ё ситораи думдор ҳам меноманд, дар масофаи наздиктарин ба Замин, ки 37 млн километрро ташкил медиҳад, 10-20 дақиқа дар осмон истода, баъдан гузашта рафтааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Директори Институти астрофизикаи Академияи илмҳои миллии Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, наздикшавии навбатии комета бо Офтобу Замин баъди 50 ҳазор сол рӯй хоҳад дод, агар ӯ бо дигар ҷирми кайҳонӣ барнахӯрад ва пора-пора нашавад.
«Ин ситораи думдорро аз сабаби доштани ранги сабз кометаи «сабз» номидаанд. Молекулаҳои карбондори комета зери таъсири афканишоти ултрабунафши Офтоб хароб шуда, ҳангоми ин раванд шуои сабз ба вуҷуд меояд.
Мушоҳидаҳои комета ҳангоми наздикшавӣ ба Офтобу Замин аллакай дар расадхонаҳои Институти астрофизикаи Академияи илмҳои миллии Тоҷикистон амалӣ шуда истодаанд.
Гулчеҳра Коҳирова гуфт, омӯзиши кометаҳо барои ҳалли масъалаҳои пайдоиши коинот, аз ҷумла пайдоиш ва захираи об дар сайёраи Замин мусоидат менамояд. Фарзияе вуҷуд дорад, ки кометаҳо метавонанд обро ба Замин биоранд.
Мавриди зикр аст, ки кометаи нави C/2022 E3 (ZTF) 2 марти соли 2022 дар расадхонаи Паломари ШМА кашф шудааст ва ба гурӯҳи кометаҳои дароздавр тааллуқ дорад, яъне даври гардиши онҳо дар атрофи Офтоб зиёда аз 200 сол мебошад. Ҳангоми ҳисоби мадор маълум гардид, ки комета бори охир 50 ҳазор сол пеш аз ин дар наздикии Офтобу Замин ҷойгир будааст.

ДАР АКС: Акси кометаи С/2022 Е3, ки дар телескопи расадхонаи астрономии Ҳисори Институти астрофизикаи Академияи илмҳои миллии Тоҷикистон дар шаби 31 январи ба 1 феврали соли 2023 ба навор гирифта шудааст.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: Институти астрофизикаи Академияи илмҳои миллии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд






