Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии занон дар соҳаи илм конфронс баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 11.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. 10 феврал бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии занон дар соҳаи илм дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси вилоятии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Занон ва рушди илми муосир» баргузор гардид. Дар ин ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд.
Тазаккур дода шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби занону бонувон ба хизмати давлатӣ тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида шудаанд, ки ҳамаи ин иқдомот масъулияту нақши занону бонувонро дар рушду таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ҷиддитар мегардонанд.
Дар конфронс устодони донишгоҳ дар мавзӯъҳои «Эҳтироми зан эҳтироми-миллат аст», «Махсусиятҳои диди бадеии Фирдавсӣ ва Низомӣ дар офариниши нақши занон (дар мисоли «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ ва «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ)» ва «Фарҳанги рақамӣ-омили муҳим дар рушди касбияти мутахассиси замони муосир» маърӯзаҳо карда шуданд.
Зикр гардид, ки дар замони марҳилаҳои навин ягон самти фаъолиятро бидуни ширкати фаъоли занон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Хусусан саҳми онҳо дар бахшҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун мегардад. Ҳамзамон ҷиҳати баланд бардоштани ҳуқуқ ва озодии занону модарон, ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихобу тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон рӯз аз рӯз такмил ёфта, равиши тоза мегирад.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад






