Дар хоҷагии ҷангали «Шӯрообод»-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ниҳолхонаи нав ташкил карда шуд

Февраль 7, 2023 09:16

Ш.ШОҲИН, 07.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Хоҷагии ҷангали «Шӯрообод»-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо дастгирии Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд дар майдони як гектар ниҳолхонаи нав ташкил карда шуд. Бунёди ниҳолхона дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026» амалӣ гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА.

Дар айни замон кормандони хоҷагии ҷангал дар ниҳолхонаи нав, ки атрофаш бо симтӯр маҳкам карда шудааст, ба шинонидани ниҳолҳо ва тухмии он машғул мебошанд. Дар  ин ҷо бештар ниҳолҳое парвариш меёбанд, ки ба шароити иқлими минтақа мутобиқ буда, дар бунёду барқарорсозии ҷангалзор истифода бурда мешаванд. Ҳангоми шинонидани тухмии ниҳолҳо қоидаҳои агротехникӣ риоя мегарданд. Яке аз мушкилоти асосӣ дар бунёди ниҳолхона- ин норасии об мебошад. Бо назардошти ин як чоҳи амудӣ канда шуда, ба масофаи беш аз 1500 метр қубур кашидаанд. Ҳоло аз ин об ду маҳаллаи аҳолинишин ва ниҳолхона обёрӣ карда мешаванд.

Инчунин бо татбиқи барномаи мазкур иншооти панели рушноӣ низ бунёд гардида, бинои маъмурии хоҷагӣ бо барқи доимӣ таъмин гардидааст.

Тавре  Директори Хоҷагии ҷангали «Шӯрообод» Сайҷаъфар Асрорзода иттилоъ дод, «дар доираи дар амал татбиқ намудани Консепсияи гузариш аз сатҳи минтақавӣ ба сатҳи маҳаллӣ таъмин намудани ниҳолҳо барои пешбурди корҳои бунёду барқарорсозии ҷангал дар назди муассиса  як ниҳолхона ташкил карда буданд, ки ниҳолҳои он барои бунёду барқарорсозии ҷангал омода мебошанд. Ниҳолҳо ба шароити иқлими минтақа мутобиқ ва сабзишашон беш аз 95 фоизро ташкил медиҳад».

Бо бунёди он майдони умумии ниҳолхона дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали «Шӯрообод»-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба якуним гектар расида, имкони бо хароҷоти камтарин бунёду барқарорсозии ҷангалзор фароҳам меояд.

АКС: АМИТ «Ховар

Февраль 7, 2023 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз Тоҷикистон ба маблағи 1,8 миллион доллар олуболу ва гелос содирот шудааст
«Амонатбонк» ба 143 муштарӣ дар ҳаҷми 8,5 миллион сомонӣ қарзи ипотекӣ пешниҳод намуд
Беш аз 20 намуди сайёҳӣ дар Тоҷикистон рушд дода мешавад
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавонмандсозии ҷавонон ва рушди ҳамкории Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуданд
«Амонатбонк» ба муштариён хизматрасонии нави қарзии рақамии онлайнӣ пешниҳод намуд
Аз ҷониби намояндагии Тоҷикистон дар СММ чорабинии канорӣ оид ба ҳамкории зеҳни сунъӣ барои рушди устувор доир шуд
Тоҷикистон ва Покистон дар Ню-Йорк чорабинии сатҳи баланд оид ба зеҳни сунъӣ ва рушди устувор баргузор намуданд
Афзалияти рушди устувори Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди ECOSOC муаррифӣ гардид
Дороиҳои «Амонатбонк» 13 миллиард сомониро ташкил дода, сармояи бонк ба 1,2 миллиард сомонӣ расидааст
Дар Женева ҷаласаи 68-уми Ассамблеяи давлатҳои аъзои СУМЗ баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии саноати хӯрокворӣ баргузор мегардад
Дар Шанхай Форуми иқтисодию тиҷоратии вилояти Суғди Тоҷикистон доир шуд