Дар сардхонаҳои Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» захираи 1750 тонна маҳсулоти кишоварзӣ имкон дорад

Февраль 7, 2023 09:03

ДУШАНБЕ, 07.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат», ки яке аз калонтарин хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, дорои ду сардхонаи замонавӣ буда, бо мақсади таъмини бозори дохилӣ дар фаслҳои зимистону баҳор бо маҳсулоти кишоварзӣ дар онҳо асосан давоми сол сабзӣ, картошка, лаблабу, ангур, анор, олу, хурмо, биҳӣ, ангур ва себ захира карда мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҳоло дар сардхонаи 2-и ин муассисаи кишоварзӣ 200 тонна сабзӣ нигоҳ дошта мешавад.

Сардхонаи 1-ум моҳи июни соли 2018 ва сардхонаи 2-юми «Боғи миллии Ваҳдат» моҳи ноябри соли 2022 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар маҷмӯъ дар ин ду сардхонаи замонавӣ захира намудани 1750 тонна маҳсулоти кишоварзӣ имкон дорад.


Дар сардхонаҳо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, ки ҳарорати дохили иншоотро мутобиқ ба меъёр нигоҳ дошта, сифати хуби маҳсулотро таъмин менамоянд, васлу насб карда шудаанд.

Мавриди таъкид аст, ки Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли 2008 дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, масоҳати умумии боғҳои он 631 гектарро ташкил медиҳад.

Имсол кишоварзони Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» 6,9 гектар токзори кӯҳнаи муассисаро, ки 14 сол қабл бунёд шуда буд, аз нав барқарор мекунанд.

Токзори нав дар асоси таҷрибаи ангурпарварони шаҳри Турсунзода бунёд карда мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 7, 2023 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд
Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд