Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Рақамикунонии шартномаҳои меҳнатӣ» ба фаъолият оғоз мекунад

Февраль 9, 2023 18:32

ДУШАНБЕ, 09.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Рақамикунонии шартномаҳои меҳнатӣ» ба фаъолият оғоз мекунад. Дар сурати амалӣ гардидани лоиҳаи мазкур тамоми шартномаҳои меҳнатӣ ба тариқи электронӣ ба махзан ворид карда шуда, аз он мақомоти андоз, суғурта ва нафақа истифода карда метавонанд. Лоиҳаи мазкур 8 феврал дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ, ки таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён доир гардид, муаррифӣ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мазкур иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки амалӣ намудани лоиҳа боиси зиёд гардидани ҳисобҳои шахсии суғуртавӣ низ мегардад.

Дар кори ҷаласа нақшаи чорабиниҳои Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023 ироа гардид. Инчунин намояндагони шарикони иҷтимоӣ ва вазорату идораҳо доир ба иҷрои бандҳои алоҳида ва мушкилоти ҷойдошта ибрози назар намуданд.

Вобаста ба татбиқи минбаъдаи созишномаи мазкур аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 9, 2023 18:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Модар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид
Занон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми назаррас доранд
«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд
РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд
МОДАР — АВВАЛИН УСТОД. Дар аллаи ӯ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзую ормон нуҳуфтааст
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо иштироки зиёда аз 700 нафар фаъолзанон барномаи бошукуҳи идона доир гардид
МАНЗАЛАТИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН БАЛАНД АСТ. Андешаҳо оид ба нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва нақши оила дар таҳкими арзишҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ — фарҳангӣ доир гардид
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?