Дар вилояти Суғд саршумори чорвои калон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 719,3 ҳазор сарро ташкил медиҳад

Февраль 14, 2023 08:47

ДУШАНБЕ, 14.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 1 январи соли 2023  саршумори чорвои калон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд 719 ҳазору 329 сарро ташкил дода, соли гузашта 281 ҳазору 645 тонна шир истеҳсол карда шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Дар вилояти Суғд барои рушди соҳаи чорводорӣ имконият бештар буда, хоҷагидорон ҷиҳати афзоиши истеҳсоли гӯшту шир ҳамасола саршумори чорвои зоти сермаҳсулро зиёд менамоянд.

Гуфта шуд, ки 93,1 фоизи саршумори чорвои калон ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.

Тибқи маълумоти масъулин, нисбат ба соли 2021 саршумори чорвои калон 8,9 ҳазор сар зиёд гардида, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади таъсиси фермаҳои нави молию ширӣ ҳамкориро бо хоҷагидорону соҳибкорони шаҳру ноҳияҳо густариш мебахшад.

Дар соли гузашта афзоиши саршумори чорвои калон дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Деваштич — 8,5 фоиз, Спитамен — 2,0 фоиз ва Зафаробод — 1,9 фоизро ташкил дод.

Ба ҳолати 1 январи соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 77795,2 тоннаро ташкил дод.

Бояд тазаккур дод, ки давоми солҳои охир дар натиҷаи татбиқи саривақтии барномаҳои давлатӣ дар вилоят саршумори чорво, хусусан чорвои зоти сермаҳсул зиёд гардида, чорводорон дар таъмини бозори дохилӣ бо гӯшту шир саҳми назаррас мегузоранд.

АКС аз бойгонӣ

Февраль 14, 2023 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид