ДАСТГИРИИ ДАВЛАТ. Барои кормандони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бинои нави истиқоматӣ сохта мешавад

Февраль 10, 2023 21:19

ДУШАНБЕ, 10.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои истиқоматии баландошёнаро барои омӯзгорону кормандон ба нақша гирифтааст. Бо бунёди бинои нави истиқоматӣ 95 нафар омӯзгорону кормандони ба манзили зист эҳтиёҷманди Донишгоҳи мазкур соҳиби хонаҳои замонавӣ мегарданд. Дар ин хусус ректори донишгоҳ Муъмин Шарифзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Дар нишаст тазаккур дода шуд, ки ба оғози сохтмони бинои мазкур 15 ноябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санги асос гузоштанд.

«Зимни муаррифии лоиҳа масъулини донишгоҳ ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки дар ошёнаи якуми бинои истиқоматии нуҳқабатаи сохташаванда Маркази савдо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ ҷойгир карда шуда, дар саҳни бино дар масоҳати 860 метри мураббаъ истгоҳи нақлиёт, дар майдони 460 метри мураббаъ ҷойи истироҳату суҳбаткадаҳо ба истиқоматкунандагон ва майдончаи хурд барои машғул шудани кӯдакону наврасон ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ дар назар дошта шудааст. Бино дар масоҳати муайяни заминҳои холии дар тавозуни донишгоҳ қарордошта сохта мешавад»,-ёдоварӣ кард Муъмин Шарифзода.

Иттилоъ дода шуд, ки аз рӯи лоиҳа бино аз нуҳ ошёна иборат буда, масоҳати замини сохтмон 3950 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Лоиҳаи бино бо фармоиши Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шаҳрофар» таҳия гардидааст.

Мавсуф афзуд, ки ҷиҳати тақвият додани корҳои ободонӣ ва созандагӣ ҳоло бунёд ва навсозии иншооти сохтмонаш нотамоми маҷлисгоҳ барои 800 ҷои нишаст идома дорад.

Муъмин Шарифзода ҳамзамон иброз дошт, ки соли 2023 барои ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ соли таърихист, зеро дар ин сол 30-солагии донишгоҳ бо дастовардҳои арзанда таҷлил карда мешавад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 10, 2023 21:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»