«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-БУНЁДГУЗОРИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир карда шуд
ДУШАНБЕ, 22.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. «Эмомалӣ Раҳмон-бунёдгузори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон»- таҳти чунин унвон имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки дар таъсис ва таҳкими иқтидори минбаъдаи Артиши миллӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим буда, бо шарофати хирадмандӣ ва дурандешии Пешвои миллат имрӯз ҳамаи шароит барои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат фароҳам оварда шудааст, то хизматчиёни ҳарбӣ тавонанд бо интизоми қавӣ, донишу малакаи сатҳи баланд, истифодаи моҳиронаи техникаву технологияҳои муосири ҳарбӣ, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баҳри ҳимояи далеронаи Ватан ва саъю кӯшишҳо ҷиҳати таъмини ҳаёти осоишта ва созандаи мардуми тоҷик хидмат намоянд.
Гуфта шуд, ки бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 1993 Маркази таълимии Қӯшунҳои хушкигард таъсис дода шуд, ки дар вақти нарасидани кадрҳои низомӣ тадбири хеле пурарзиш буд. Мутахассисони хурди низомие, ки аз ҳисоби сарбозон дар ин маркази таълимӣ омода карда мешуданд, дар ташкил ва таҳкиму тақвияти ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ нақши муҳим бозидаанд.
Дар фарҷоми ҳамоиш ба як зумра раисони кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ки нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандонро дар муҳлати 20 рӯзи аввали моҳи октябри соли 2022 иҷро намуданд, сипоснома тақдим карда шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад






