Филми «Дов»-и коргардони тоҷик дар ҷашнвораи 41-уми байналмилалии синамои «Фаҷр» муаррифӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 13.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Филми «Дов»-и коргардони тоҷик, ки дар Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» таҳия шудааст, дар ҷашнвораи 41-уми байналмилалии синамои «Фаҷр» муаррифӣ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Эрон иттилоъ доданд.
Бояд гуфт, ки аз 1 то 11 феврали соли равон дар Эрон ҷашнвораи 41-уми байналмилалии синамои «Фаҷр» баргузор карда шуд.
Коргардон Муҳиддини Музаффар филмро аз рӯи жанри драмаи иҷтимоӣ ба навор гирифтааст.
Филми «Дов» диққати тамошобинон ва меҳмонони ҷашнвораро ба худ ҷалб намуд. Муаллифи филмро барои иштирок ба ҷашнвораҳои Малайзия ва Москва, ки тобистони соли равон доир мешаванд, даъват намуданд.
Филми мазкур соли 2022 дар якчанд намоишҳои байналмилалӣ низ иштирок намуд. Инчунин дар аввалин синамоҷоизаи миллии Тоҷикистон иштирок карда, соҳиби ду ҷоиза- «Беҳтарин филм» ва «Беҳтарин нақши мардона» гардид.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Эрон








Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд
Фарҳанги пурғановати Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ оғоз мегардад
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»






