«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар ҷаласаи ҳайати комиссия масъалаи шаффофияти озмун баррасӣ карда шуд

Февраль 16, 2023 11:38

ДУШАНБЕ, 16.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми кумитаи тадорукоти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир гардид, ки дар кори он масъалаи дар сатҳи баланди омодагию ташкилӣ баргузор намудани ин озмун баррасӣ шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти вазорат хабар доданд.

Раиси комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён аз ҳайати доварон даъват кард, ки дар ҷараёни озмун шаффофиятро таъмин намуда, бо иштирокдорон вобаста ба синну сол муносибат намоянд.

Таъкид карда шуд, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат чор озмуни ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад ва ҳадафи асосии баргузории онҳо, пеш аз ҳама, дарёфти чеҳраҳои нави соҳибистеъдод, донишманд, китобхону сухандон ва тарғиби ҳунару фарҳанг ва илму дониш мебошад.

Дар охир ҳайати ҷаласаи озмун ҷиҳати баргузории даври аввали он қарорҳои дахлдор қабул намуд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 16, 2023 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид
Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд