Гурӯҳи корӣ аз нуқтаҳои нуқсондоштаи роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар дидан намуд

Февраль 21, 2023 11:10

ДУШАНБЕ, 21.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иборат аз ҳайати муҳандисони Корхонаи воҳиди давлатии «Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ», Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо ва «Роҳи Абрешим» аз километрҳои 12 ва 13-уми роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар, ки дар баъзе ҷойҳои он нуқсонҳо пайдо шудаанд, дидан намуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар вазорати мазкур.

Роҳбари ҳайати гурӯҳ ба роҳбарият ва муҳандисони Корхонаи воҳиди давлатии «ПЛИН» ва Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо супориш дод, ки ҳарчи зудтар сабабҳои пайдоиши нуқсонҳо, яъне кафидагиҳои рӯпӯши роҳоро муайян намуда, ҷиҳати бартараф кардани он тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳангоми санҷиш иттилоъ дода шуд, ки қад — қади роҳи мазкур нуқтаи шустушӯи мошинҳо ташкил шуда, ҳамчунин каналҳо то ҷои обпартои роҳ омада, онро пур мекунанд, ки ин боиси нам гирифтан ва вайрон гардидани роҳҳо мешавад.

Масъулини соҳа вазифадор карда шуданд, ки дар якҷоягӣ бо паймонкорон ва мақомоти маҳаллӣ дар тамоми роҳи навсохта бори дигар санҷиш гузаронда, сабаби пайдоиши нуқсонҳоро аниқ муайян ва камбудиҳоро пурра бартараф созанд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 21, 2023 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»