ХАБАРИ РАСМӢ. Дар Хоруғ бар асари тарма 8 нафар ба ҳалокат расидаанд

Февраль 15, 2023 16:48

ДУШАНБЕ, 15.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. 15 феврал бар асари тармафароӣ дар қаламрави шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 8 нафар сокинони маҳаллӣ- писар ва духтари чорсола ва чор зан ба ҳалокат расидаанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бо талоши наҷотдиҳандагон то соати 14:00-и 15 феврал нуҳ нафар сокинони зери тармамонда наҷот дода шуданд.

Дар ин офати табиӣ 22 хонаи истиқоматии сокинон зарар дида, 4 хона пурра ва 18 хона қисман хароб гардидааст.

Ҳолати фавқулода дар роҳи Душанбе-Хоруғ-Мурғоб боқӣ мемонад. Ин роҳ то ба ин лаҳзаҳо бо сабаби омадани тармаи зиёд дар қаламрави ноҳияҳои Рӯшон ва Шуғнон баста мебошад.

Дар шаҳри Хоруғ ситоди доимамалкунандаи шабонарӯзии рафъи ҳолатҳои фавқулода ва пайомадҳои офати табиӣ созмон дода шудааст.

Ҳайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат бо сарварии муовини Раиси Кумита Имомалӣ Иброҳимзода барои ҳамоҳангсозӣ ва роҳандозии амалиёти наҷот ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар Бадахшон қарор дорад.

Корҳо барои расонидани ёрии фаврӣ ба хонаводаҳои ҳалокшуда ва зарардида, ҳамчунин ҷараёни бартарафсозии пайомадҳои офати табиӣ зери назорати шахсии Сарвари давлат қарор дорад.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 15, 2023 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд