Масъулин бо фаъолияти истгоҳҳои обуҳавосанҷии «Майхура» ва «Ҳушёрӣ» аз наздик шинос шуданд
ДУШАНБЕ,19.02.2023/АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ оид ба рушди устувор дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва дигар масъулон бо фаъолияти истгоҳи обии «Ҳушёрӣ» ва истгоҳи обуҳавосанҷии «Майхура»-и ноҳияи Варзоб шинос гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.
Гуфта шуд, ки соли 2014 дар доираи лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ — «Модернизатсияи хадамоти гидрометеорологии давлатҳои Осиёи Марказӣ» истгоҳи обии «Ҳушёрӣ» ва истгоҳи обуҳавосанҷии «Майхура» ба реҷаи худкорӣ гузаронида шуда буд.
Бояд тазаккур дод, ки мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Агентии обуҳавошиносии мамлакат ҳар сол ба қаторкӯҳҳои ҷумҳурӣ бо мақсади омӯзиши қабати барф, ҳаҷм ва зичии барф дар пиряхҳои асосии Тоҷикистон, парвозҳои аэровизуалӣ ва экспедитсияҳои пиёдагард мегузаронанд, ки маълумоти онҳо дар оянда ҳамчун маводи таҳлилӣ барои пешгӯии сатҳи об ва ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ мусоидат менамояд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад






