НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 398 нафар барои напардохтани маблағи алимент дар кофтуков қарор доранд
ДУШАНБЕ, 06.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Нисбат ба 398 нафар қарздорон барои сари вақт напардохтани маблағи алимент ва пинҳон кардани суроғаи ҷои зисташон бо таъйиноти суд ва қарори иҷрочиёни мақомоти иҷро кофтуков эълон шудааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода дар посух ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт.
Ба гуфти Барно Саидвализода, соли сипаригардида ба Хадамот 11 636 санади истеҳсолоти иҷро оид ба ситонидани маблағи алимент ворид гардида, аз ҷониби иҷрочиён ба манфиати модару кӯдак зиёда аз 39,9 млн сомонӣ маблағи алимент ситонида шуд. Ин маблағ назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда 46,1 фоиз зиёд мебошад.
«Бинобар бадқасдона саркашӣ намудани қарздорон аз пардохти маблағи алимент нисбат ба 538 нафар қарздорон тибқи талаботи моддаи 177 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди иҷрочиён аз ҷониби мақомоти прокуратура парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидаанд»,- илова намуд сардори Хадамоти иҷро.
Таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ба феҳристи қарздорон ва махзани электронии Хадамот барои напардохтани маблағҳои қарзӣ 5 679 нафар шахсони воқеӣ ва 201 нафар шахсони ҳуқуқӣ ворид карда шуданд. Бо дастрасии моддаи 47 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ҷиҳати баромада нарафтани қарздорон аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба 7 844 нафар қарздорон маҳдудият гузошта шуд.
«Амали мазкур натиҷаи мусбат дода, 800 нафар қарздорон дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ дастгир гардиданд. Маблағҳои қарзӣ дар ҳаҷми зиёда аз 6,3 млн сомонӣ аз онҳо ситонида шуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда 92 фоиз зиёд мебошад»,-изҳор дошт Сардори Хадамот.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар самти қонунгузорӣ Хадамоти иҷро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» — ро дар таҳрири нав таҳия намуд, ки он аз 13 июни соли сипаригардида мавриди амал қарор дорад. Ҳамзамон аз ҷониби кормандони Хадамот якчанд лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардиданд, ки дар айни замон мавриди амал қарор доранд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд






