НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба соҳаҳои иқтисоди миллии Тоҷикистон 195 млн доллар маблағҳои грантӣ ҷалб карда шуданд

Февраль 14, 2023 15:10

ДУШАНБЕ, 14.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар соли 2022 ба соҳаҳои иқтисоди милли ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 195 млн доллар маблағҳои грантӣ ҷалб карда шуданд. Дар ин хусус Вазири рушди иқтисод ва савдои мамлакат Завқӣ Завқизода зимни нишасти матбуотӣ ба доираи васеи рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи мавсуф, бо мақсади пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ бо ташкилоти байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ ва гуфтушунидҳо гузаронида шуданд. Дар натиҷа соли 2022 дар доираи корбарии Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба ҳайси ҳамраиси қисми тоҷикистонии комиссияҳои байниҳукуматӣ ва ташкилоти байналмилалии молиявӣ маблағи мазкур ҷалб карда шуд.

Ҳамзамон иброз гардид, ки бо мақсади пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ситоди байниидоравӣ оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо таъсис дода шуд.

Доир ба шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Низоми умумии бархурдории тиҷорати Иттиҳоди Аврупо (GSP+) иттилоъ дода шуд, ки дар ин самт корҳо тақвият ёфта, 215 тавсия ва саволҳои аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо пешниҳодгардида баррасӣ ва ҷавобҳои мушаххас ба он ҷониб ирсол гардиданд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 14, 2023 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад