«ОИЛА – МАКОНИ МЕҲРУБОНӢ». Соли 2022 дар Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оила чунин стратегияи коммуникатсионӣ таҳия карда шуд
ДУШАНБЕ, 10.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Соли 2022 дар Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ «Стратегияи баҳисобгирӣ ва пешбурди масоили гендерӣ ҷиҳати тавсеаи дастрасии занон ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рафъи зӯроварӣ нисбат ба занон ва духтарон барои давраи то соли 2030» ва «Стратегияи коммуникатсионии «Оила – макони меҳрубонӣ» таҳия карда шуданд. Дар ин хусус Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки дар айни замон дар 20 мақомоти марказӣ ва 16 мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳайати кормандон аз ҳисоби занон аз 30 нафар боло аст. Аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунандаро қариб 20 фоиз занону бонувон ташкил медиҳанд.
Таъкид гардид, ки соли 2022 Кумитаи кор бо занон ва оила фаъолияташро дар доираи татбиқи 8 санади меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ва зиёда аз 40 консепсия, стратегия, барномаҳои давлатӣ ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини иҷрои онҳо дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ чораҷӯӣ намуд.
«Дар ин давра, -гуфт Ҳилолбӣ Қурбонзода,- Кумита лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023–2030»-ро таҳия намуд, ки он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022 тасдиқ шуда, ҳоло мавриди амал қарор дорад».
Ҳамзамон ба 38 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хулоса дода шуд.


Соли 2022 дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 даври омӯзишӣ бо ҷалби 1319 нафар хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла 394 нафар занон доир карда шуд.
Бо мақсади ҷалби бештари духтарон ба хизмати давлатӣ ва сатҳи роҳбарикунанда 50 нафар донишҷӯдухтарони фаъолу аълохон ба марҳилаи дуюми даври омӯзишии шашмоҳаи «Мактаби сарварони ҷавон», ки аз 1 октябри соли 2022 то 20 майи соли 2023 идома дорад, ҷалб гардида, бо мақсади ҳавасмандгардонии донишҷӯдухтарон ба 20 нафар стипендияи Кумита дода шуд.
Масъалаи ба таҳсил фарогирии духтарон яке аз масъалаҳои рӯзмарра ба ҳисоб меравад.
Дар соли таҳсили 2021-2022 аз шумораи умумии 74 ҳазору 092 нафар духтарони синфи 9 бо назардошти ба муассисаҳои ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дохил шудани хатмкунандагон 60 ҳазору 378 ё 81,5% ба таҳсил фаро гирифта шуданд.
Таҳлилҳои 5 соли охир нишон медиҳанд, ки дохилшавии хатмкунандагони синфи 11 ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Агар соли 2018 ин нишондиҳанда 35,8 фоизро ташкил дода бошад, соли 2022 он ба 46 фоиз расид.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: «Ховар»








Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд






