ҶОМИ ОСИЁ. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бори панҷум аст, ки дар он иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 27.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 1 март дар Узбекистон мусобиқаи 41-уми Ҷоми Осиё байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад, ки дар он дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон низ иштирок менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Барои дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ин панҷумин иштирок дар Ҷоми Осиё хоҳад буд. Қаблан дастаи ҷавонони мо солҳои 2006, 2008, 2016 ва 2018 дар ин марҳилаи мусобиқа ширкат карда буд. Натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби Тоҷикистон баромадан ба даври чаҳорякниҳоӣ дар Баҳрайн (2016) ва Индонезия (2018) мебошад.
Дар Ҷоми Осиёи имсола дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии мутахассиси беларусӣ Олег Кубарев дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Урдун, Уммон ва Кореяи Ҷанубӣ рақобат мекунад.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бозии якуми худро дар Ҷоми Осиё-2023 2 март бо тими Урдун доир мекунад. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Локомотив»-и Тошканд баргузор шуда, соати 17:00 оғоз мегардад.
Сипас, 5 март бозигарони мо бо ҳамсолони худ аз Уммон вомехӯранд ва дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ 8 март бо яке аз дастаҳои асосии мусобиқот – Кореяи Ҷанубӣ неру месанҷанд.
Дар сурати аз гурӯҳ баромадан дар даври ¼-ниҳоӣ дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «D» – Ҷопон, Арабистони Саудӣ, Чин ё Қирғизистон бозӣ мекунад.
Бояд гуфт, ки чаҳор дастаи беҳтарини Ҷоми Осиё-2023 байни ҷавонон ба Ҷоми ҷаҳон-2023 меравад, ки баргузориаш дар Индонезия ба нақша гирифта шудааст.
Тақвими бозиҳои гурӯҳи «С» бо ширкати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20)
Даври 1
2 март (панҷшанбе)
Оғоз – соати 17:00
ТОҶИКИСТОН – Урдун
Тошканд, варзишгоҳи «Локомотив»
Даври 2
5 март (якшанбе)
Оғоз – соати 17:00
Уммон – ТОҶИКИСТОН
Тошканд, варзишгоҳи «Локомотив»
Даври 3
8 март (чоршанбе)
Оғоз – соати 17:00
Кореяи Ҷанубӣ – ТОҶИКИСТОН
Тошканд, варзишгоҳи «Бунёдкор»
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






