Палатаи ҳисоб соли 2022 ба маблағи 376,9 млн сомонӣ қоидавайронкуниҳои молиявиро ошкор намуд

Февраль 15, 2023 14:23

ДУШАНБЕ, 15.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 Палатаи  ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 191 чорабинии аудиторӣ гузаронида, қоидавайронкуниҳои молиявиро ба маблағи 376 млн 900 ҳазор сомонӣ муайян намуд, иброз дошт имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода.

Аз маблағи умумии қоидавайронкуниҳои молиявии муайянгардида хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 29,3 млн сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 1,9 млн сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 37,5 млн сомонӣ, фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 926,2 ҳазор сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ 171,4 млн сомонӣ, маблағҳои кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 88,5 млн сомонӣ, пардохти ҳатмӣ ва дигар пардохтҳо ба буҷети давлатӣ 41,7 млн сомонӣ ва пардохт накардани суди саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта 5,5 млн сомониро ташкил медиҳад.

Оид ба бартараф намудани камбудию норасоиҳои муайянгардида, тадбирҳои мушаххас андешида шуда, қоидавайронкуниҳои молиявӣ ба маблағи 375,5 млн сомонӣ, аз ҷумла ба буҷет 275,4 млн сомонӣ, ба корхона ва ташкилоту муассисаҳо 100,1 млн сомонӣ барқарор карда шуданд, ки 99,6 фоизро ташкил медиҳад.

Дар нишасти матбуотӣ Қарахон Чиллазода иброз дошт, ки «бо мақсади густариши раванди рақамикунонии иқтисодӣ, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, рушди неруи инсонӣ дар айни замон дар Палатаи ҳисоб барномаи электронии аудити мустақил  таҳия гардид, ки аз модулҳои системаи идоракунии аудит, нигоҳдории маълумот ва портал иборат аст. Дар ин замина аз оғози соли равон аллакай як қисми фаъолияти аудитории мо тариқи фосилавӣ гузаронида шуда, минбаъд  давра ба давра пурра  бо ин усул амал менамоем».

Инчунин гуфта шуд, ки дар доираи Стратегияи рушди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2019-2023 дар фаъолияти Палатаи ҳисоб ислоҳоти соҳавӣ идома ёфта, омӯзиши Стандартҳои байналмилалии аудит ва таҷрибаҳои пешқадами мақоми олии аудити мамлатҳои хориҷӣ ҷиҳати гузаронидани аудит ва таҳияи ҳисобот аз натиҷаи он роҳандозӣ гардида истодааст.

Дар айни замон аз ҷониби Палатаи ҳисоб дар маҷмӯъ 20 адад Стандартҳои миллии аудит мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии мақоми олии аудит (ИНТОСАЙ) таҳия гардида, мавриди амал қарор доранд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 15, 2023 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд
Дар Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид
Татбиқи лоиҳаҳои Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад