Соли сипаришуда 760 нафар барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷарима пардохтанд
ДУШАНБЕ, 16.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 барои риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 770 парванда баррасӣ гардида, нисбат ба 760 нафар қонунвайронкунандагон ҷазо дар намуди пардохти ҷарима татбиқ карда шудааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти мабуотӣ дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Ҳамчунин соли сипаригардида аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ, 135 ҳазору 985 адад парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, дархостҳои мақомоти тафтиши пешакӣ, пешниҳодҳои муассисаҳои ислоҳӣ ва Хадамоти иҷро баррасӣ карда шуданд.
Тазаккур дода шуд, ки дар баробари баррасии саривақтии парвандаҳо, тибқи талаботи қонунгузорӣ ҳангоми муайян кардани ҳолатҳои вайронкунии қонун, риоя накардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд, вайрон кардани муқаррароти қонун, ки зимни баррасии судӣ ошкор карда мешавад, судяҳо ҳуқуқ доранд нисбат ба онҳое, ки ба камбудиҳо роҳ додаанд, ҷиҳати ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ин ҳолатҳо ва сабабу шароите, ки ба содир шудани қонунвайронкунӣ мусоидат кардаанд, таъйиноти хусусӣ қабул намуда, онро барои андешидани тадбирҳои зарурӣ ба мақомоти дархлдор ирсол намоянд. Бо ин мақсад дар соли сипаригардида дар маҷмӯъ судҳо 24 ҳазору 631 таъйиноти хусусӣ бароварданд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботӣ 1858 адад зиёд мебошад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






