ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Боздиди пайваста аз қисмҳои ҳарбӣ масъулияти ватандӯстии донишҷӯёну ҷавононро баланд мебардорад
ДУШАНБЕ, 26.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» баргузор намудани маҳфили Рӯзи дарҳои кушодро тавсия мекунам, ки дар доираи он дар қисмҳои ҳарбӣ бобати шиносоӣ бо рӯзгори сарбозон чорабиниҳо ташкил карда шуда, ҳамаи шаҳрвандон, хосса донишҷӯёну ҷавонон тавассути ҳузури худ дар қисми ҳарбӣ бо ҳаёти ҳаррӯзаи афсарону сарбозон шинос шуда, эҳсоси ватандӯстии онҳо зиёд мешавад. Чунин пешниҳод намудааст Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода.
Ба андешаи мавсуф, ба ин васила эҳсоси ҳифзи Ватан-Модар, ифтихори сарбоз будан, паси сар кардани мактаби мардонагӣ ва амсоли инҳо низ дар қалби ҳар ҷавон, хусусан донишҷӯе, ки аз ин мактаби садоқату мардонагӣ дидан мекунад, бештар мешавад.
«Дар иҷрои ин амал метавон Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳайси масъули иҷрои талабот қабул намуд, ки дар ҷалби доираи насли ҷавон ба ин маърака дорои имконоти фарох аст»-иброз медорад ҳамсуҳбат.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» дар шароити зуҳури омилҳои хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, таассуби динӣ ва бегонапарастӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, тақозои замон буда, масъулияти мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонро дар рушду инкишофи мамлакат, ҳифзи манфиатҳои умумимилливу умумидавлатӣ баланд мебардорад.
Қонуни мазкур ҳамчунин барои ташаккули заминаҳои меъёрии ҳуқуқии самти тарбияи ватандӯстӣ, ҷанбаҳои фарҳангӣ, маънавию сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷомеа, бахусус дар байни наврасону ҷавонон имконияти нав ба вуҷуд меорад.
Ба таъкиди ҳамсуҳбати мо, ҳадафи асосии ин қонун танзими меъёрию ҳуқуқии фаъолият дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар ин соҳа буда, ба таҳкими худшиносии миллии шаҳрвандони мамлакат мусоидат менамояд.
«Дар ҷомеаи кунунӣ, ки тарбияи ватандӯстӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини соҳаҳои мухталифи ҷомеа, хусусан соҳаи маорифи мамлакат мебошад, амалҳои ватанпарастӣ бояд ҷоннок карда шаванд. Он бояд дар натиҷаи ҷалб намудани шаҳрвандон баҳри саодати Ватан, бедор кардани меҳру муҳаббати онҳо ба таърих, фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ ба амал бароварда шавад»,-мегӯяд ҳамсуҳбат.
Инчунин гуфта шуд, ки яке аз хусусияти тарбияи ватандӯстӣ дар шароити имрӯза тақвияти ҳисси худшиносии ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Бояд тазаккур дод, ки имрӯз тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ буда, ҳамасола барои ҳалли ин масъала тадбирҳои мушаххас пешниҳод мешаванд.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» низ дар ин самт айни муддаост.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад






