ҲУШДОР! Хатари лағзиши тарма, резиши санг ва омадани сел то 17 феврал боқӣ мемонад

Февраль 14, 2023 16:11

ДУШАНБЕ, 14.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави мамлакат ҳафт ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ  хоҳиш мекунад, ки аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд. Рафтан ба доманакӯҳҳо барои ҷмъоварии ҳезум, чорвочаронӣ ва шикор низ маслиҳат нест, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита.

Ба иттилои манбаъ, 13 феврал дар ҳудуди ноҳияҳои Шуғнон, Ишкошим ва шаҳри Хоруғи ВМКБ ҳодисаи лағзиши тарма дида шуд. Бар асари он қитъаҳои гуногуни роҳи мошингарди Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб ва Хоруғ – Кӯлоб – Душанбе  муваққатан баста шуданд.

Ҳамзамон тахминан соати 14:28-и вақти маҳаллӣ бориши зиёд дар километрҳои 21 ва 32-и роҳи дорои аҳамияти байналмилалии Хоруғ-Ишкошим, ки аз Баржири Ҷамоати деҳоти Аскар Зокирови ноҳияи Ишкошим мегузарад, сабаби лағзиши тарма шуданд.

Ғайр аз ин дар километри 27-уми роҳи мазкур, дар наздикии деҳаи Нишуспи Ҷамоати деҳоти Г.Шаҳбозов низ тарма омад. Барои бартараф кардани пайомадҳои ин офат техникаҳои Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ҷалб гардиданд.

Худи ҳамон рӯз, соати 18:14 ба вақти маҳаллӣ дар километри 7-уми роҳи Хоруғ-Ишкошим, ки аз қаламрави Ниводаки шаҳри Хоруғ мегузарад, ду ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Дар ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ набуда, тарма харобии дигар ҳам наовардааст.

Воҳидҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳҳои мошингарди Душанбе – Хуҷанд ва роҳҳои мушкилгузару тармахези дигар навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда, ҳар лаҳза омодаи  кумак ба ронандагону мусофирон мебошанд.

Бино ба пешгӯии обуҳавошиносон, бар асари барфу борони зиёд ва болоравии ҳарорати ҳаво дар қаламрави ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва қисмати ғарбии ВМКБ то 17 феврал хатари лағзиши тарма, резиши санг ва омадани селҳо боқӣ мемонад. Эҳтимоли яхбандӣ дар ағбаҳо ва туман дар водиҳо вуҷуд дорад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба ронандагоне, ки бо роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо сафар карданианд, ҳушдор медиҳад, ки қабл аз сафар дар бораи вазъи роҳҳо маълумот гиранд ва дар роҳҳо қоидаҳои бехатариро риоя кунанд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ

Февраль 14, 2023 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид