Вазорати адлия: «Ҳуқуқшиносони давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» бо 9 170 шаҳрванд машварат гузарониданд»

Февраль 16, 2023 16:00

ДУШАНБЕ, 16.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли сипаригардида ҳуқуқшиносони Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» ба 9 170 шаҳрванд машварати ҳуқуқӣ пешниҳод намуданд, ки аз ин теъдод 327 нафарро шахсони маъюб ташкил медиҳанд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар 37 шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 38 ҳуқуқшиноси давлатӣ фаъолияти худро ба роҳ монданд.

Таъкид гардид, ки дар ин давра Вазорати адлия ҷиҳати мутобиқнамоӣ ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва бо мақсади бартараф намудани ихтилофу норасоиҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ 4 лоиҳаи қонун, 2 лоиҳаи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 8 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуд.

Вазорати адлия соли 2022 149 аризаи бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро бо сабаби мухолифат доштан ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва риоя накардани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» рад намуд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 16, 2023 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд