Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲИ дар Мавритания иштирок намуд

Март 18, 2023 17:10

ДУШАНБЕ, 18.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16-17 март ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 49-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ дар шаҳри Нуакшоти Ҷумҳурии исломии Мавритания иштирок намуд. Дар ин хусус дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Роҳбари ҳайати ҷумҳурӣ аз тадбирҳои муассири Ҳукумати Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ ёдовар шуда, тавсеаи равобити иқтисодиву тиҷоратӣ миёни давлатҳои СҲИ тавассути иҷрои барномаҳои марбутаи ин созмонро яке аз омилҳои муҳими ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла коҳиши фақр ва таъмини шароити устувори зиндагӣ дар минтақа унвон кард.

Дар фарҷом роҳбари ҳайати Тоҷикистон аз давлатҳои узви СҲИ ҷиҳати иштироки фаъол дар Конфронси оби СММ-2023, ки 22-24 марти соли равон дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мегардад, даъват ба амал овард.

Инчунин 17 март дар ҳошияи иҷлосияи 49-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии исломии Мавритания Исмоил Оулд Шайх Аҳмад мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба рушду густариши минбаъдаи робитаҳои дӯстонаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ду давлат табодули назар намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 18, 2023 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода бо Валиаҳди Давлати Кувайт мулоқот намуд
Раванди татбиқи лоиҳаҳои Швейтсария дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон ба анҷом расиданд
Дар Женева мулоқоти Шараф Шерализода бо сафирони кишварҳои хориҷӣ доир гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
Шараф Шерализода бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Шабакаи «Abu Dhabi TV» ҳадафҳои Конфронси байналмилалии обро шарҳ дод
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҷомеаи байналмилалӣ муроҷиат намуд
Дар Москва Конфронси байналмилалӣ оид ба муаррифии «Устувонаи Куруши Кабир» баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқот намуд