Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси панҷуми Созмони Милали Муттаҳид иштирок кард

Март 9, 2023 17:21

ДУШАНБЕ, 09.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар Конфронси панҷуми Созмони Милали Муттаҳид оид ба мамлакатҳои камтараққикарда (LDC) таҳти унвони «Аз иқтидор ба шукуфоӣ» иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар ҳошияи чорабинии мазкур 8 март Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори иҷроияи минтақаҳои озоди иқтисодии Давлати Қатар Шайх Муҳаммад бин Файсал Оли Сонӣ вохӯрӣ намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо густариши муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, ҷалби сармоя ва ба роҳ мондани робитаҳои дуҷониба байни минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатарро мавриди муҳокима қарор доданд.

Бо мақсади таҳкиму тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ҷонибҳо омодагии худро барои таҳия ва ба имзо расонидани санади ҳамкорӣ байни минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва Қатар иброз доштанд.

Инчунин 8 март дар шаҳри Давҳа вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори кулли бахши маркетинги ширкати «Диёри Қатар»- доктор Абдуллоҳ Яъқуб ал-Саид баргузор шуд.

Ҷонибҳо фаъолияти ширкати мазкур дар Тоҷикистон, густариш додани ҳамкории мутақобилан судманд ва раванди идомаи татбиқи лоиҳаҳои муштаракро мавриди муҳокима қарор доданд.

Таъкид гардид, ки сармоягузории ширкати «Диёри Қатар» дар татбиқи лоиҳаҳои бахши сохтмон, аз ҷумла бунёди муваффақонаи марҳилаи якуми лоиҳаи «Диёри Душанбе» ифодагари алоқамандии ҷонибҳо ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию сармоягузорӣ мебошад.

Бо мақсади густариш додани ҳамкории мутақобилан судманд ва ҷалби сармояи қатарӣ ба иқтисоди миллӣ Завқӣ Завқизода роҳандозии марҳилаи дуюм, сеюм ва чоруми лоиҳаи «Диёри Душанбе»-ро дархост кард.

Дар ҷавоб ба дархости ҳайати Тоҷикистон роҳбарияти ширкати «Диёри Қатар» барои сармоягузории минбаъда дар татбиқи марҳилаи дуюм, сеюм ва чоруми лоиҳаи «Диёри Душанбе» изҳори омодагӣ намуд.

6 март дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар инчунин Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Мудири иҷроияи Созмони сармоягузории Қатар (Qatar Investment Authority) Мансур бин Иброҳим Оли Маҳмуд мулоқот намуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот самтҳои афзалиятноки ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Қатарро дар самти сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, ки дар Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021-2025 ворид гардидаанд, мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкорӣ ва татбиқи самтҳои гуфташуда баён намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 9, 2023 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд
Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд