Ҷаласаи якуми коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба таври маҷозӣ баргузор мешавад

Март 27, 2023 10:59

ДУШАНБЕ, 27.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми моҳи апрели имсол ҷаласаи якуми коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ  аз  давлатҳои минтақаҳои Аврупо, Миёназамини Шарқӣ ва Африқои Шимолӣ ба таври маҷозӣ баргузор мегардад, ки дар он намояндаи Тоҷикистон низ иштирок мекунад. Дар ин хусус 16-17 март зимни баргузории ҷаласаи сатҳи баланди сеҷонибаи минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва муҳоҷират, ки дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Дар ҷараёни ҷаласа давлатҳои аъзои се минтақаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ консепсияи тақвияти солимии муҳоҷирон ва бартараф кардани натиҷаҳои имконпазири муҳоҷират нисбат ба тандурустии ҷамъиятиро қабул намуда, уҳдадор шуданд, ки дар ин самт корҳои заруриро ба анҷом расонанд.

Дар доираи ҷаласаи мазкур Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо директорони минтақаҳои Аврупо ва Миёназамини Шарқӣ вохўриҳои дуҷониба анҷом дод.

Дар вохўрӣ бо мақсади рушди ҳамкории байниминтақавӣ аз тарафи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон якчанд пешниҳоди муфид, аз ҷумла вобаста ба баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони тиббӣ тавассути иштироки мутақобилаи мутахассисон дар барномаҳои омӯзишии байниминтақавӣ ва ба роҳ мондани саноати дорусозӣ пешкаш гардид.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Март 27, 2023 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд