Арабистони Саудӣ ёддошти шарикӣ бо Созмони ҳамкории Шанхайро тасдиқ кард

Март 30, 2023 18:12

ДУШАНБЕ, 30.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Девони вазирони Арабистони Саудӣ ёддоштро дар бораи ба шоҳигарӣ додани мақоми шарики Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) тасдиқ кард. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин хусус ТАСС иттилоъ додааст.

Тибқи иттилои агентии хабарии Саудӣ, ҷаласаи девони вазирон  рӯзи сешанбе таҳти раисии Шоҳ Салмон бин Абдул Азиз Ал Сауд баргузор гардид. Аз ҷумла, ҳукумати Арабистони Саудӣ ёддоштро дар бораи ба шоҳигарӣ додани мақоми шарикӣ оид ба муколамаи СҲШ тасдиқ намуд.

Аъзои феълии СҲШ дар айни замон Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон мебошанд. Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон мақоми кишварҳои нозир ва Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка мақоми шарикро доранд.

16 сентябри соли 2022 дар саммити Самарқанд ёддоштҳо дар бораи шарикӣ оид ба муколама бо Миср, Қатар ва Арабистони Саудӣ ба имзо расиданд ва инчунин қарор қабул карда шуд, ки тартиби додани мақоми шарикони муколама ба Баҳрайн, Кувайт, Малдив, Мянма ва Аморати Муттаҳидаи Араб оғоз карда шавад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 30, 2023 18:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд