Ба сокинони ноҳияи Ишкошим дар ҷашни Наврӯз туҳфаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд

Март 24, 2023 17:22

ХОРУҒ, 24.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони ноҳияи Ишкошим Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бонавбат дар ҳар як ҷамоат  пешвоз мегиранд. Ин дафъа ин иди ҷаҳониро  дар маркази Ҷамоати деҳоти Вахони деҳаи Вишхарв бо риояи  ҳамаи суннатҳои қадимаи тоҷикони ноҳияи Ишкошим пешвоз гирифтанд. Сокинони  ноҳия  субҳи Наврӯзро  бо найнавозӣ  ва  сурудани  як навъи фалак оғоз менамоянд. Ин даъфа ҳам ин ойини қадимӣ  риоя гардид, хабар дод мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.

Қисмати асосии ҷашни наврӯзӣ дар маркази Ҷамоати деҳоти Вахон доир шуд. Ба хотири ин рӯзи саид майдону кӯчаҳо ва пайроҳаҳои деҳа бо шиору овезаҳо  оро дода шуданд.

Дар ин рӯзи фархунда ба сокинони водии Вахон дар баробари муждаи наврӯзӣ хабари дигари хуш расид. Бо супориши бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 мошинаи дӯзандагӣ, як мошини ёрии таъҷилӣ, ду автобуси мусофиркаш ва асбоби  тақвияти овоз ба сокинони  водии Вахон супорида шуд.

Водии Вахон бо ҳунарҳои мардумӣ  машҳури на танҳо  Бадахшон, балки тамоми Точикистон буда,  бархе аз намунаҳои ҳунарҳои дастии  онҳо  ҳатто дар хоричи мамлакат низ борҳо муаррифӣ гаштааст. Дар ҳоле, ки дар дигар кисмати Бадахшон  ҳунари қадимии палосбофӣ аз байн рафтааст, аммо дар водии Вахон  он ҳанӯз побарҷост. Тоқидӯзӣ, чӯроббофӣ, мӯҳрабандӣ, тавлиди асбоби гуногуни мусиқӣ  ва дигар  намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи бонувони чирадаст ва устоҳои босалиқа ба намоиш гузошта шуд. Ҳар яки аз ин  маҳсулот хусусияти  хос дошта, дорои  рамзҳои  гуногун мебошад, ки аз умки таърих сарчашма мегиранд. Бештари аз ин армуғонҳо мутобиқи шавқи  сайёҳони ватаниву хориҷӣ  сохта шуда, дар аксарияти меҳмонхонаҳои  хурди деҳаҳо  ба намоишу фурӯш гузошта шудаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 24, 2023 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷашни Наврӯз ботантана таҷлил гардид
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти ин унвон дар Ёвон ҳамоиши бошукуҳи наврӯзӣ доир шуд
Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ҷашни Наврӯзро бо риояи суннатҳои миллӣ таҷлил намуд
Шукуҳи наврӯзии муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Хадамоти алоқа ҷашни Наврӯзро бо иштироки меҳмонони хориҷӣ таҷлил намуданд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд