Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 22.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита.
Дар ҷамъомад изҳор гардид, ки «ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки ба муждаи эҳёи табиат ва сабзу хуррам гардидани муҳити зист вобаста аст, дар оғози фасли зебои баҳор бо шукуҳу шаҳомати хосса ва шодиву хурсандии нотакрор таҷлил мегардад. Воқеан, Наврӯз, ки яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик мебошад, ҳамчун рамзи офариниши ҳаёту оғози тозаи зиндагӣ то имрӯз расидааст. Дар ин рӯзи фараҳбахши баҳорӣ оростани дастархони идона бо ҳафтсину ҳафтшин ба ҳукми анъана даромада, бо риояи ин анъанаи неки ниёгон дар Кумитаи давлатӣ ҳамасола ҷашни Наврӯз таҷлил карда мешавад».
Изҳори умед карда шуд, ки Наврӯзи имсола ба мардуми куҳанбунёду соҳибфарҳанги Тоҷикистон, аз ҷумла кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар иҷрои нақшаҳои бунёдкориву созандагӣ низ неруву тавони тоза мебахшад.
Роҳбарияти Кумитаи давлатӣ аз дастурхони идона, ки дар он саҳми бонувони Кумитаи давлатӣ назаррас ва инъикосгари ойини аҷдодии тоҷикон буд, дидан намуда, ба ҳунари волои кадбонугии занону духтарон баҳои баланд доданд.
АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
НАВРӮЗ-МАЗҲАРИ ИШҚУ СУЛҲУ ДӮСТӢ. Андешаҳо дар мавриди ҳамдилию ҳамҷавории тоҷикону узбекон






