БАРОБАРШАВИИ ШАБУ РӮЗ. Имсол дар Тоҷикистон Наврӯз 21 март фаро мерасад
ДУШАНБЕ, 09.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар Тоҷикистон Наврӯз 21 март, соати 02:30-и вақти маҳаллӣ фаро мерасад. Тибқи ҳисобҳои астрономӣ, 21 марти соли 2023, соати 02:30-и вақти маҳаллӣ Замин ҳангоми харакат дар атрофи Офтоб аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ мегузарад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова хабар дод.
Ба гуфти Гулчеҳра Қоҳирова, дар минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ходиса 21 март, соати 02:30-и вақти маҳаллӣ ба вуқӯъ меояд. Бояд иброз намуд, ки лаҳзаи гузаштани Замин аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ ба як сония баробар аст.
Инчунин дар ин вақт боз як падидаи ҷолиб ба вуҷуд меояд, ки ин баробаршавии шабу рӯз мебошад. Фосилаи вақт байни ду гузашти пайдарҳамии Замин аз байни нуқтаи эътидоли баҳориро соли астрономӣ меноманд. Бинобар ин соли нави астрономии 2023 ҳамчунин 21 март аз соати 02:30 сар мешавад. Барои мо, тоҷикон ин вақт ҳамчун айёми фаро расидани Наврӯз машҳур аст.
«Наврӯз — ин ҷашни соли нав аз рӯи тақвими шамсии астрономӣ барои мардуми Шарқ мебошад. Ин ҷашн анъанаи миллӣ буда, ягон вобастагӣ ба дин надорад. Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарин дар таърихи башарият мебошад, зеро онро аллакай то асри VII пеш аз мелод ҷашн мегирифтанд», — иброз дошт Гулчеҳра Қоҳирова.
АКС: АМИТ «Ховар»








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






