«ЧЕҲРАИ ЗАН-МОДАР ДАР АСАРҲОИ РАССОМОН». Таҳти чунин унвон дар Маҷмааи «Истиқлол» намоиш ифтитоҳ ёфт

Март 6, 2023 11:46

ДУШАНБЕ, 06.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Модар дар Маҷмааи «Истиқлол» бо истифода аз ашёи фонди Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» таҳти унвони «Чеҳраи Зан-Модар дар асарҳои рассомон» намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ гардид. Намоиши  мазкур  то 15 март   идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фариддун Кенҷаев иттилоъ дод.

Дар намоиш  25  мусаввараи нодири рассомон, аз қабили офаридаҳои  Ю.Казмичёв «Симои Розия Озод» (соли 1945), А. Ҳайдаров «Симои Зебо Аминова» (соли 1982), И.Лисиков «Симои чемпион Зебуннисо Рустамова» (соли 1983), И. Абдураҳмонов «Кирмакпарварон» (соли 1955), А.  Умаров «Модар аз деҳаи Рарз» (соли 1982), П. Бенков «Духтари дуторнавоз» (соли 1947), К. Ёдгоров «Гулҳои Зарафшон» (соли 1980) ва дигар мусаввараҳо пешниҳоди тамошобинон гардидаанд.

Дар маросими ифтитоҳи намоиш муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тамоми занону бонувонро бахшида ба Рӯзи Модар табрик намуда, ба онҳо саломативу хушбахтӣ таманно намуд. Гуфта шуд, ки Зан-Модар таҷассумгари симои маънавию ахлоқӣ ва зоҳирию ботинии ҳар миллату давлат, ҷомеаи мутамаддин буда, сатҳи хираду маърифат, камолоту пешрафт, гузашта ва ояндаи ҷомеаро инъикос менамояд. Занони тоҷик дар лаҳзаҳои ҳассоси таърих ҳамеша нақш ва мақоми устувор доштанд ва дар майдони мубориза барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ бо ҷасорату далерӣ ва нангу номуси мардона корнамоиҳои ҳайратовар нишон додаанд.

Мақсад аз баргузор намудани намоиш муаррифии саҳм ва нақши Зан-Модар дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти рӯзмарра аст, ки дар асарҳои рассомони машҳури  мамлакат тасвири пурраи худро ёфтааст.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Март 6, 2023 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид