Дар Хатлон Фонди дастгирии соҳибкорӣ ва телефони боварӣ барои муроҷиати соҳибкорон ташкил карда мешавад
ДУШАНБЕ, 17.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дастрасии васеи соҳибкорон ба сарчашмаҳои нисбатан арзони қарзӣ таъсиси Фонди дастгирии соҳибкории вилояти Хатлон муҳим мебошад. Ҳамчунин бо мақсади дастгирии соҳибкорон, бартараф намудани муаммоҳои ҷойдошта ва рушди ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят байни соҳибкорон пурсиши сотсиологӣ гузаронида шуда, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят телефони боварӣ барои муроҷиати соҳибкорон ташкил карда мешавад. Дар ин хусус имрӯз зимни мулоқоти Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо соҳибкорону сармоягузорон таъкид карда шуд.
Мулоқоти мазкур дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар доир гардид. Пеш аз оғози он роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар саҳни бинои Кохи фарҳанг аз намоиши имкониятҳои сармоягузорӣ, тиҷоративу содиротии ширкатҳои ватанӣ ва филиалҳои бонкҳо дидан намуда, барои рушди ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, дастгирии ташаббусҳо ва лоиҳаҳои инноватсионии соҳибкорон, сармоягузорӣ ба бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ ба масъулин машварату тавсияҳои судманд дод.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки ин вохўрӣ идомаи муколамаи давлат ва бахши хусусӣ ҷиҳати баррасӣ ва пайдо намудани роҳҳои ҳалли масъалаҳои мубрам дар бахшҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ мебошад.
Дар мулоқот ба мақомоти бақайдгиранда дастур дода шуд, ки ҷиҳати бартараф намудани монеаҳои сунъӣ, камбудиҳо вобаста ба саривақт ва дар муҳлатҳои тибқи қонунгузорӣ пешбинигардида ба қайд гирифтани субъектҳои соҳибкорӣ чораандешӣ намоянд.
Дар вохўрӣ баён гардид, ки рушди бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар давраи соҳибистиқлолӣ ислоҳоти куллӣ дар ин самт гузаронида шуд.
Илова гардид, ки заминаи меъёрии ҳуқуқӣ дар самтҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкориву сармоягузорӣ ва низоми иҷозатдиҳӣ боз ҳам мусоид гардид ва хизматрасониҳои муосири электронӣ ба соҳибкорону сармоягузорон роҳандозӣ карда шуд. Чораҳои амалигардида ба рушди ин бахшҳо такони ҷиддӣ бахшида, саҳми бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва таъмини аҳолӣ бо шуғл мутаносибан то 70 фоиз ва 68 фоиз дар соли 2022 афзоиш ёфт.
Тазаккур дода шуд, ки бо мақсади иҷрои дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паём навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардид, ҷиҳати идомаи ислоҳот дар самти танзими муносибатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ ва ҷиҳати то 60 фоиз коҳиш додани номгӯи ҳуҷҷатҳо корҳо идома доранд.


Хотиррасон гардид, ки бо истифода аз имконияту шароити фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат, фаъолияти соҳибкорӣ дар вилояти Хатлон бомаром рушд намуда, соли 2022, дар маҷмӯъ 108 ҳазору 505 субъекти хоҷагидор ба қайд гирифта шудааст, ки ин шумора нисбат ба 5 соли пеш 9,7 фоиз зиёд мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2022 аз ҷониби ташкилотҳои қарзии дар вилоят фаъолияткунанда ба соҳибкорон ва аҳолӣ 3 миллиарду 10 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ пешниҳод шудааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 504,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
«Бонкҳои тиҷоратии дар вилоят фаъолияткунандаро зарур аст, ки бо назардошти талаботи иқтисодиёт ба қарзҳои бонкӣ, маҳсулотҳои нави қарзиро омода ва ба соҳибкорон пешниҳод намоянд», — пешниҳод гардид дар ин вохўрӣ.
Гуфта шуд, ки Ҳукумати мамлакат баҳри рушди соҳибкорӣ як қатор имтиёзҳои андозию гумрукиро фароҳам овардааст, ки барои бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ мусоидат менамояд. Дар маҷмӯъ, то 1 январи соли 2023 ҳаҷми сармояи хориҷии ба вилоят воридшуда 1,5 миллиард долларро ташкил намуда, аз он 1,4 миллиард доллар сармояи мустақим аст. Бо ҷалби ин сармоя дар вилоят 52 субъекти соҳибкорӣ фаъолият доранд.
Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар вилоят вазифадор гардид, ки ҷиҳати ҳамоҳангсозии татбиқи лоиҳаҳои шарикони рушд дар вилоят ва таҳияву амалисозии лоиҳаҳои нав дар самтҳои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, инфрасохтори нақлиётӣ, коркарди партовҳои сахти маишӣ, обрасонӣ, тандурустӣ ва маориф, инчунин рушди неруи инсонӣ ҳамкориҳоро бо шарикони рушд тақвият бахшад.
«Зарур аст, ки мутахассисони ботаҷриба ҷалб карда шуда, корҳо ҷиҳати гузаронидани курсҳои омӯзишӣ, таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, нақшаҳои тиҷоратӣ, хизматрасониҳои машваратии ҳуқуқӣ ва иқтисодию молиявӣ, муҳосибот ва ҳисобдорӣ, масъалаҳои андозу гумрук, содироти молу маҳсулот, оғоз намудани фаъолияти соҳибкорӣ барои ҷавонон ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда шаванд. Инчунин барои рушди инфрасохтори фаъолияти соҳибкорӣ, мусоидат ба таъсиси ассосиатсияҳои соҳибкорӣ ва соҳавӣ муҳим арзёбӣ мегардад», — таъкид гардид дар ҷамъомад.
Роҳбарияти вилоят ба масъулони ниҳодҳои дахлдори давлатӣ дастур доданд, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва соҳибмулкони корхонаҳо, барои ба кор андохтани корхонаҳои саноатии азкормонда бо истифода аз механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва дигар усулҳои муосир чораҳои таъхирнопазир андешанд. Ҳамзамон, дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон барои бунёди коргоҳу корхонаҳои коркарди шир, меваю сабзавот, сехҳои дӯзандагӣ, коргоҳҳои атласу адрасбарорӣ, қолинҳои дастӣ, масолеҳи сохтмонӣ, истихроҷ ва коркарди маъдан, сангҳои ороишӣ ва дигар маҳсулоти саноатӣ вобаста ба талаботи бозорҳои дохилию хориҷӣ тадбирҳои қатъӣ андешида, аз тамоми имконияту захираҳо истифода намоянд.
«Яке аз соҳаҳои муҳиме, ки метавонад ба рушди иқтисодиёти вилоят мусоидат намояд, сайёҳӣ ва ҳунармандӣ мебошад. Ҳоло шумораи ширкатҳои сайёҳӣ дар вилоят 19 адад буда, афзоиши теъдоди онҳо дар вилоят, ташкил ва роҳандозии хатсайрҳои сайёҳӣ ба мавзеъҳо ва минтақаҳои сайёҳии Хатлонзамин муҳим арзёбӣ гардид.Бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ, лоиҳаи «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои 2023-2026» феҳристи ҳунармандон ва ҳунарҳои мардумии вилоят таҳия ва пешниҳод карда шавад»,-иброз гардид дар ҷамъомад.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки соҳибкорону сармоягузорони бонангу номуси вилоят ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Точикистон саъю кӯшиши худро ҷиҳати васеъ намудани фаъолияти истеҳсоливу хизматрасонӣ, қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилию хориҷӣ ва афзоиши ҳаҷми содироти молу маҳсулот, таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ ва боз ҳам ободу зебо гардонидани яке аз вилоятҳои калонтарини ҷумҳурӣ — Хатлон равона менамоянд.
Сипас чанд нафар соҳибкорону сармоягузорон доир ба масъалаҳои мавриди назар сухан гуфта, ҷиҳати рушди тиҷорат ва ҷалби сармоя пешниҳодоти худро ироа карданд.
Дар охир як зумра соҳибкорони муваффақи вилоят бо «Сипосномаҳо»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст






