Дар Лондон масъалаи ба «Амонатбонк» додани нуфузи байналмилалӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 30.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Нишондиҳандаҳои молиявии Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва нақшаҳои минбаъда оид ба дастрас намудани нуфузи байналмилалии он зимни мулоқоти раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ бо мудири бахши тиҷорат ва ҳамкории байналмилалии Оҷонсии байналмилалии «Fitch ratings» хонум Катлин Плункет баррасӣ гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар «Амонатбонк».
Мулоқот дар ҳошияи Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар Лондон доир гардида, аз ҷониби роҳбарияти «Амонатбонк» дастовардҳои молиявии бонк дар соли 2022 рӯнамоӣ гардид.
Намояндаи Оҷонсии байналмилалии «Fitch ratings» изҳор дошт, ки гурӯҳи кории Оҷонсӣ омода аст дар наздиктарин фурсат ба Тоҷикистон омада, фаъолияти муштаракро барои додани нуфузи байналмилалӣ ба «Амонатбонк» оғоз намояд. Дар робита ба ин мусоҳибон ба хулосае омаданд, ки гурӯҳи кории муштарак таъсис дода, ба фаъолият шуруъ намоянд.
Таъкид карда шуд, ки Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҳамеша ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон буда, дар самти баланд бардоштани хизматрасонии бонкӣ, дастгирии соҳибкорони ватанӣ, ҷалби бештари сармояи арзони хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат ва баланд бардоштани обрую нуфузи бонк дар арсаи байналмилали тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»








Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд






