Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо намоиши расму оинҳои тоҷикӣ таҷлил карданд

Март 21, 2023 13:10

ДУШАНБЕ, 21.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 19 март дар шаҳри Москва бо ташаббуси  Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба муносибати фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши идона  баргузор  гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд.

Аз ҷониби Сафорат намоишгоҳи таҷассумгари суннату оинҳои аҷдодии ҷашни Наврӯз ва зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон ташкил гардид.

Дар ҳамоиш иброз шуд, ки «барои тоҷикон   Наврӯз  бузургтарин ва самимитарин  ҷашни миллӣ  маҳсуб ёфта, он таърихи  хеле қадима дорад. Тибқи Қатъномаи қабулнамудаи СММ,  зиёда аз даҳ сол мешавад, ки ин ҷашни бостонӣ  дар қаламрави бузурги кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврўз  21 март бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад».

Дар чорабинӣ  намояндагони мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими кишвари иқомат, намояндагону фаъолони ҷамъиятҳо, чеҳраҳои маъруфи аҳли зиё, доираҳои соҳибкорон аз ҳисоби ҳамватанони муқим ва донишҷӯёни тоҷик иштирок намуданд.

Дар доираи чорабинӣ ба меҳмонон барномаи ҷолиби консертӣ пешкаш гардид. Ҳунарнамоии устодони санъати тоҷик ҳозиринро дар фазои зебогӣ ва пурнишоти Наврӯз қарор дод.

Ҳамзамон ба меҳмонон анъанаҳои асосии ҷашни Наврӯз, аз ҷумла дастархони  бо  «Ҳафт син ва Ҳафт шин» орододашуда  пешниҳод гардид.

Ҳамчунин худи ҳамин рӯз ба муносибати  Иди байналмилалии Наврӯз дар яке аз калонтарин майдонҳои шаҳри Москва «VK Stadium» бо иштироки беш  аз  5000 тамошобин Галла-консерти бошукӯҳ баргузор гардид. Дар чорабинӣ устодони санъат ва ситораҳои эстрадаи Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карданд.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Москва

Март 21, 2023 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад