Дар Осиёи Марказӣ ҳамдигарро бо ибораи тоҷикии «Наврӯз муборак!» таҳният мегўянд, — бардошт аз ҷашни наврўзӣ дар Бӯстон
ДУШАНБЕ, 25.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар танатанаи наврўзӣ иброз гардид, ки «эҳёи Наврӯз ва ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфтани он, ки боиси боз ҳам боло рафтани нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ гардид, моро водор месозад, ки суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва иҷтимоиву фарҳангии онро минбаъд низ инкишоф диҳем ва онҳоро ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ намоем. Зеро мо – тоҷикон, дар ҳақиқат, миллати куҳанбунёду соҳибфарҳанг ва соҳибтамаддун буда, ба арзишҳои ҷовидонаи инсондӯстиву таҳаммулгароӣ ва зебоипарастиву созандагӣ ҳамчун асоси маънавиёти миллиамон ҳамеша арҷ мегузорем».
Бо ифтихору сарфарозӣ изҳор карда шуд, ки маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Наврӯз ҳамчун ойини бебаҳои аҷдодии тоҷикон эҳё гардида, ҷиҳати рушди минбаъдаи русуми наврӯзӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ заминаи мусоид муҳайё гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид таъкид менамоянд, ки «мо аз он хушбахтем, ки тамоми халқҳои Осиёи Миёна дар рӯзи ҷашни фархундаи Наврӯз ҳамдигарро бо ибораи тоҷикии «Наврӯз муборак!» табрик мекунанд».
Ин нукта бори дигар тасдиқ менамояд, ки миллати мо дар тамоми таърихи худ нақши паҳнкунандаи тамаддунро бозидааст. Таъкид гардид, ки яке аз муҳимтарин суннатҳои инсондӯстонаи Наврӯз бахшидани гуноҳи якдигар, навозишу дастгирии ятимону маъюбон, аёдати падару модар, беморону калонсолон, боз намудани дасти хайру саховат ба оилаҳои камбизоату муҳтоҷ ва дармондаву ниёзманд аст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд






