ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Адибони тоҷик ба се ноҳияи вилояти Хатлон сафар намуданд

Март 30, 2023 15:39

ДУШАНБЕ, 30.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сафари адибони тоҷик дар муддати се рӯз дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Панҷи вилояти Хатлон бо ташаббуси Идораи тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон доир гардид. Бисёр ҷолиб ва нишотбахш аст, ки ин идора, ки ҳамеша яке аз муҳаррикони асосии тарғиби адабиёт, шеъру сухан ва фарҳанги миллии мо буда, ин рисолати бисёр муфиди худро сарбаландона иҷро мекард ва чандин соли охир аз фаъолият боз монда буд, акнун фаъол гардидааст. Чунин навиштааст перомуни боздиди сафар Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар»  Камол Насрулло.

Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф пешкаш мешаванд.

— Сафари нахустини адибони мамлакат тавассути Идораи мазкур нишон дод, ки то куҷо фаъолияти ин муассиса муфид, ногузир ва саривақтист. Зеро мулоқот бо мардуми заҳматкаши ин се ноҳия худ гувоҳи он буд, ки мардуми заҳматкаши ин ноҳияҳо, ҷавонону пирон, духтарону модарон, онҳое, ки дар ин вохӯриҳо ҳозир буданд, чӣ қадар ташнаи шеъру сухан ва суҳбат бо адибон ҳастанд. Дар ҳама ҷо бо хурсандӣ, таваҷҷуҳи зиёд ва муҳаббати хосса аз адибон истиқбол менамуданд.  Ин сафар  ва ин мулоқотҳои адибони мамлакат бо мардуми заҳматкаш, ки   баъд аз танаффуси чандинсола  доир шуд, ба бардоште овард, ки чунин сафару мулоқот барои рушди маънавиёти миллати мо, тарбияи завқи зебоишиносӣ ва огоҳӣ аз тозагиву навовариҳои фарҳангу адабиёт барои  мардум хеле зарур аст. Ва аз ҳама муҳим он аст, ки худи мардуми фарҳангпарвари мо ба онҳо хоҳишу завқу ниёз  доранд.

Ҷиҳати хеле ҷолиби ин сафар дар он зоҳир мешуд, ки он дар рӯзҳои  истиқболи Ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид. Дар замоне, ки дар ҳама гӯшаҳо, боғу роғҳову ду шафати роҳ тамоми намуди дарахтон шукуфову сарсабз  шуда, ба дил нишоту ба ҷисм руҳ  мебахшиданд. Ва дар назари банда манзараи аз ин ҳам зеботар он буд, ки даста-даста деҳқонон дар саҳрои ҳосилхез машғули заҳмат буданд. Гурӯҳе ҳосили расида (аз ҷумла сабзӣ)-ро меғундошту гурӯҳе тухму донаи нав ба замин мекошт. Манзарае, ки ба бинанда руҳу нишот ва бовару эътимод ба ояндаи шукуфони мамлакат мебахшад.

Мулоқоти нахустин дар ноҳияи Дӯстӣ бо иштироки Раиси  ноҳия Даврон Нишонзода ва фаъолони ноҳия, мутахассисони касбу кори гуногун  хеле самимонаву идона доир шуда, дар  муассисаи таҳсилоти ҳамагонии рақами 16 идомаи зебо ёфт.  Мулоқоти адибон хусусан дар хоҷагии Гароутии ноҳияи мазкур бо омӯзгорону деҳқонон, модарон, пирону ҷавонон ниҳоят самимона баргузор гашт. Мардум аз ҳар сухан ва ҳар сатри ашъор бо таваҷҷуҳу завқи хосса ва бо ташнагӣ истиқбол менамуданд. Хусусан мардум аз суханрониҳои адибони мо оид ба ҳувияти миллӣ,  таърихи Ватан ва ватандорӣ,  моҳияти Истиқлоли давлатӣ хеле гарм  дар ҳама ҷо истиқбол мекард. Зеро ин мавзуъҳои ҷиддиву илмӣ бо забони хеле фасеҳу сода ба шунавандагон мерасиданд.

Дар  ноҳияи Дӯстӣ, ки сокинаш намояндагони милатҳои гуногун, аз ҷумла тоҷикон, туркманҳо, кореягиҳо, узбекҳо, немисҳо ва ғайраанд, ҷолиб ин аст, ки касе аз тафиқаҳои миллӣ ҳатто дар андеша надорад. Ҳама чун аъзои як хонадон дӯстона бо ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ мекунанд. Мо ин падидаро ба чашмони худ дидем ва диламон пур шуд, ки воқеан, агар давлату ҳукумат сиёсати ҳамҷавории миллатҳоро пеш барад, намояндагони миллату қавмҳои гуногун метавонанд чун хоҳару бародар зиндагӣ кунанду аз файзи дӯстӣ баҳравар гарданд, чунонки дар Тоҷикистони некоини мо. Воқеан дар ҷойе, ки дӯстӣ ҳукмрон аст, ба ноумедӣ ҷой нест ва зиндагонӣ  осоиштаву хуррам аст.

Ҳарчанд зимистони гузашта сард омад, беш аз ҳазор гектар замини анорзор, анҷиру чормағзро хунук зад, аммо мардуми заҳматдӯсти ноҳия ноумед нестанд, балки ҷаҳд ва бовар доранд, ки бо заҳматҳои ватандӯстона ин холигоҳро  бо фоида аз маҳсулоти дигар пур мекунанд.

Дар ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир) заминҳои сарсабзу дарахтони гулафшон дар ҳама ҷо аз ду канори роҳ моро истиқбол менамуданд. Дар суҳбат бо раиси ноҳия Абдулҳафиз Одиназода мо фаҳмидем, ки  ноҳияи номбурда саҳми бузурге дар парвариш ва ҳосилноки фаровони заминҳои корам мегузорад.   Маҳз дар ҳамин ноҳия (албатта, дар қатори ноҳияҳои дигари Хатлонзамин) ҳидоятҳои Пешвои миллатамон дар мавриди бекор намондани ягон қитъа замини корам, истифода аз ҳар порчаи замини наздиҳавлигӣ ва гирифтани 3-4 ҳосил дар як сол аз заминҳои кишоварзӣ самаранок амалӣ гардидааст.  Чанд сол аст, ки заҳматкашони ҷоннисорри ноҳияи Ҷайҳун тавассути заҳмати фидокорона  соле се то чор ҳосил аз заминҳояшон мегиранд ва сатҳи зиндагиву рӯзгорашонро сол то сол боло мебардоранд.

Адибони мамлакат бо чашми худ диданд, ки чӣ гуна хурду калон бо руҳбаландии бузург дар саҳро кор мекунанд. Маҳз ноҳияи Ҷайҳун имрӯз дар мамлакат дар сафи пеши заҳмат барои гирифтани се-чор ҳосил дар як сол қарор дорад. Танҳо соли гузашта даромади ноҳия аз ҳисоби  ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ  ду миллиард сомониро ташкил дод. Яъне маҳсулоти кишоварзони ин ноҳия қариб тамоми мамлакатро бо меваву зироат ва полезиҳо таъмин менамояд. Табиист, ки танҳо мардуме, ки ҷоннисорона заҳмат мекашад, метавонад ба чунин комёбӣ ноил гардад.

Дар ноҳияи мазкур мулоқоти адибон ва аҳли ҳунар дар қасри Фарҳанги ноҳия бо иштироки фаъолон ва дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии рақами 1, 17, 27 бо хонандагону сокинони деҳот хеле хотирмону самимона доир гардид.

Дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон низ мулоқоти адибон ҳам дар  бинои Ҳукумат бо иштироки фаъолони ноҳия, ҳам дар қасри фарҳанг, ҳам дар қисми ҳарбии Ҳалқаёр ва гарнизони ҳарбии сарҳад дар сатҳи баланду самимона доир карда шуд. Раиси ноҳия Зарифхӯҷа Шоҳиён дар  хусуси дастовардҳои ноҳия ва нақшаҳои дар пешистода ба адибон маълумот дод. Ва мо бо чашми худ дидем, ки мардуми заҳматкаши ин ноҳия чун сокинони  ноҳияи наздисарҳадӣ  бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва омодагӣ ба ҳифзи хоки Ватан, заҳматҳои пурсамар дар саҳроҳои кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагидорӣ кор ва зиндагӣ мекунанд.

Хулоса, се рӯзи сафари мо дар се ноҳияи дурдасти вилояти Хатлон нишон дод, ки халқи заҳматкаши тоҷик пас аз эҳёи дубораи сарзамини худ чӣ қадар бо дарки бузурги ватандӯстӣ зиндагӣ кардаву  заҳмат мекашад. Аз ҳама ҷолиб барои мо, адибон руҳияи баланди милливу инсоние буд, ки мардуми одии ин сарзаминро фаро гирифтааст.

Чизи дигаре, ки ин сафар ба  мо нишон дод, он буд, ки  мардуми фарҳангпарасту сухандони мо ҳамеша хостору пазмони сухани ноб, китобу асарҳои тозаи адибони тоҷик аст ва аз онҳо хеле хуш истиқбол менамояд. Сафари адибон ба ин се ноҳияи дурдасти мамлакат нишон дод, ки халқи мо суханпарвар буда, ҳамеша ташнаи дидори адибон ва ҳунармандони хеш аст. Воқеан мо дар ин сафар дарк кардем, ки эҳёи нави Идораи тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хеле бамаврид ва саривақтист. Умед меравад, ки ин идора пайваста рисолати бузурги худ: тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллиро  сарбаландона ба иҷро мерасонад. Сафари нахустини адибон моро ба чунин идомаи нек умедвор менамояд.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 30, 2023 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дуғдоғи беозору зебо «Парандаи сол-2025» дар Тоҷикистон интихоб шуд
Дар Самарқанд спектаклҳои «Хунхори Торросӣ» ва «Агар ҷанг намебуд» намоиш дода мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар самти таҳқиқ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ густариш меёбад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои директорони осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ иштирок намуд
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ». Дар Ҷумҳурии Арабии Миср намоиши байналмилалӣ ифтитоҳ ёфт
Ғолиби «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шаина Мабатқадамова: «Маслиҳати падаронаи Сарвари давлат маро руҳбаланд кард»
МЕҲРГОН-ИДИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Ин ҷашни бостонии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид
САНЪАТИ РУБОБСОЗӢ ВА РУБОБНАВОЗӢ. Ин асбоби мусиқии миллии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид карда шуд
Дар маҷаллаи бонуфузи «Diplomatic Insight Publishers» -и Покистон матлабе дар бораи дипломатияи ҷаҳонии оби Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев барои баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд шароит муҳайё гардид
Масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо фаъолияти Маркази таҳқиқоти экологии шаҳри Акита шинос шуд